Прокурори генералӣ: 113 нафар пайрави ташкилоти террористию экстремистии «Ихвон -ул-муслимин» дар Тоҷикистон дастгир гардидаанд
ДУШАНБЕ, 28.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон 113 нафар аъзои ташкилоти террористию экстремистии «Ихвон-ул-муслимин» ё «Бародарони мусулмон» дар қаламрави ҷумҳурӣ дастгир шуда, нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон 28 январ дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ гуфт, ки аз 113 нафар, ки ба пайравӣ аз ташкилоти террористию экстремистии «Ихвон-ул-муслимин» ба ҳабс гирифта шудаанд, 20 нафараш кормандони муассисаҳои олӣ, як нафар корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва ду нафар шаҳрванди хориҷӣ мебошанд.
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон овозаҳоро доир ба дастгир гардидани як нафар корманди Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ ва як нафар корманди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо ҷурми пайравӣ аз созмони террористию экстремистии «Ихвон-ул-муслимин» рад кард.
Юсуф Раҳмон афзуд, ки аз ҷониби кормандони мақомоти Прокуратураи генералӣ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марбутаи мамлакат — Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ нисбат ба дастгир намудани дигар аъзои ин ташкилоти террористию экстремистӣ корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ идома доранд.
Бояд зикр кард, ки дар асоси ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти «Ихвон-ул-муслимин» созмони террористию экстремистӣ эълон шуда, фаъолияти он ва узвият дар он дар мамлакат тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят эътироф гардида, манъ шудааст.
Ҳадафи асосии ташкилоти террористию экстремистии «Ихвон-ул-муслимин» сарнагун кардани ҳокимият бо роҳи зӯрӣ ва бунёд кардани давлати исломӣ мебошад.
Созмони террористию экстремистии «Ихвон-ул-муслимин»- соли 1928 дар Миср таъсис дода шудааст. Ин ташкилоти террористӣ дар бархе аз давлатҳои шимоли Африқо ва Шарқи Наздик нуфуз дорад. Пайравони ин ташкилоти террористӣ ҳангоми табаддулоти давлатӣ, ки бо номи «Баҳори Араб» дар Миср соли 2011 ба вуқӯъ пайваст, роҳбари худ Муҳаммад Мурсиро дар Миср ба сари қудрат оварданд, ки баъдан аз ҷониби артиши Миср сарнагун гардид.








Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






