Роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии Осиёи Марказӣ дар Алмаато ҷамъ омаданд
ДУШАНБЕ, 27.01.2020/АМИТ «Ховар»/. Дурнамои рушди соҳаи авиатсия, масоили стратегияи ҳамлу нақл ва заминаи меъёрию ҳуқуқии Иттиҳоди Аврупо оид ба алоқаи ҳавоӣ, пардохтҳои фурудгоҳӣ ва низоми маълумот оид ба мусофирон API-PNR дар ҳамоиши дуюми роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баррасӣ гардид.
Аз хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҳамоиш дар радифи роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии «Somon Air»-Тоҷикистон, «Air Astana», «QAZAQ Air» ва «SCAT»-и Қазоқистон, «AviaTraffic»-и Қирғизистон, инчунин «AZAL»-и Озарбойҷон ва намояндагони IATA- Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ иштирок намуданд.
Роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоӣ таъкид намуданд, ки бехатарӣ барои соҳаи авиатсия афзалияти аввалиндараҷа буда, барои ноил шудан ба сатҳи баландтарини бехатарӣ талошҳои муштарак зарур аст. Аз ҷумла, аудити IOSA барномаи муҳимест, ки стандартҳои баландтари бехатариро барои ширкатҳои ҳавопаймоӣ таъмин мекунад ва мақомоти танзимкунанда бояд аудитро ҳамчун як барномаи муҳим барои баланд бардоштани бехатарии парвозҳо баррасӣ намоянд. Ғайр из ин, таҳкими ҳамкорӣ байни ҷомеаи авиатсионӣ ва мақомоти Иттиҳоди Аврупо коммуникатсияро беҳбуд мебахшад ва бо истифода аз таҷриба ва донишҳои пешқадам дар соҳаи ҳавопаймоӣ ноилшавӣ ба мақсадҳои умумиро фароҳам меорад. Роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоӣ рушди API/PNR-ро дар минтақа, ҷиҳатҳои мусбат ва манфии татбиқи ин барномаро дар Осиёи Марказӣ баррасӣ карданд. Сарони ширкатҳои ҳавопаймоӣ иброз доштанд, ки татбиқи API/PNR масъалаи амнияти миллӣ мебошад ва аз ин рӯ бояд аз ҷониби мақомоти давлатӣ маблағгузорӣ карда шавад.
Ҳамоиши роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии давлатҳои Осиёи Марказӣ нишасти муҳим мебошад, зеро дар он масъалаҳои мубрами марбут ба рушди авиатсияи гражданӣ дар Осиёи Марказӣ мунтазам баррасӣ мешаванд. Коршиносони IATA табодули таҷриба намуда, манфиатҳои иқтисодии авиатсия, тамоюлҳои рушд ва дурнамои минтақаро муҳокима мекунанд.
Мавриди зикр аст, ки моҳи майи соли гузашта Душанбе мизбони нахустин ҳамоиши роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии Осиёи Марказӣ гардида буд.








Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






