Академик Раҳим Марупов дар синни 84-солагӣ аз олам даргузашт
ДУШАНБЕ, 13.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 12 январи соли 2020 риштаи умри яке аз олимони фарзонаи миллати тоҷик, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Раҳим Марупов дар синни 84 — солагӣ канда шуд. Дар ин бора аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Устод Раҳим Марупов олими шинохта дар соҳаи спектроскопияи пайвастагиҳои фаромолекулӣ, доктори илмҳои техникӣ, профессор, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Ордени «Дӯстлик», Директори фахрии Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон то лаҳзаҳои охирини ҳаёти хеш ҳамчун сарходими илмии лабораторияи спектроскопияи молекулавии институти мазкур фаъолият намуданд. Таҳқиқоти бунёдии устод Раҳим Марупов, кашфиётҳо ва коркардҳои илмиашон махсусан дар соҳаҳои спектроскопияи молекулавӣ, физикаи полимерҳо, физикаи молекулавӣ ва химияи физикӣ илми ҷаҳониро ғанӣ гардонида, ба он саҳифаҳои навро ворид намуданд. Устод Раҳим Марупов ҳамчун олими нуктасанҷу ғамхор дар роҳбарӣ ва омода намудани насли нави олимони тоҷик – кадрҳои баландихтисоси соҳаи физикаю техника низ саҳми бузург гузоштанд, ки ҳоло илми устодро идома дода истодаанд.
Хотираи неки устоди шодравон Раҳим Марупов ҳамеша дар қалби ҷомеаи илмӣ – олимон, дӯстон ва ҳамкорону шогирдон ҳамчун рамзи садоқат ва ҷасорату мардонагӣ дар роҳи пуршарафи илм боқӣ хоҳад монд.
Ҳайати олимону кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хабари аз ҳаёт рафтани устоди азиз Раҳим Марупов сахт андӯҳгин буда, барои аҳли оила ва пайвандону наздикони устод пуртоқатӣ ва сабри ҷамил мехоҳанд.








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






