Сафири Тоҷикистон аз устони Систон ва Балучистони Эрон дидан кард
ДУШАНБЕ, 06.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ 1 январи соли 2020 ба устони Систон ва Балучистони Эрон сафари корӣ анҷом дод, ки ҳадаф аз он баррасии масъалаҳои ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва огоҳӣ аз вазъи будубоши ҳамватанони мо дар ин минтақа иборат буд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот бо муовини Раиси устони Систон ва Балучистон Алии Зайниванд ҷонибҳо доир ба тавсеаи робитаҳои иқтисодиву тиҷоратии дуҷониба ва нақши бандари Чобаҳор дар ин раванд табодули назар намуданд. Ҳамзамон зарурати истифода аз имконоти ду давлат дар соҳаи гардишгарӣ таъкид гардид.
Сафири Тоҷикистон ҳамчунин бо сарвари ҳавзаи илмии аҳли суннати устони Систону Балуҷистон, имоми ҷумъаи масҷиди Маккии Зоҳидон ва раиси Дорулулуми Маккии ин шаҳр мавлавӣ Абдулҳамид Исмоилзиҳӣ мулоқот кард. Зимни он масъалаи мутобиқати таҳсили динии шаҳрвандони тоҷик дар мадрасаҳои ҳавзаи илмии устони Систону Балучистон ба қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар идомаи сафари корӣ вохӯрии Сафир бо толибилмони тоҷики мадрасаи Маккӣ доир гардид, ки дар рафти он роҳбари намояндагии дипломатии Тоҷикистон бо ишора ба дастовардҳои кишварамон дар татбиқи сиёсати дохиливу хориҷии Пешвои миллат, зарурати пайвастани толибилмони мадрасаи мазкурро, ки ба тариқи ғайрирасмӣ таҳсил мекунанд, ба раванди созандагиву бунёдкорӣ дар Ватан таъкид намуд.
Дар фарҷоми сафари корӣ нишасти Сафир бо аъзои Утоқи бозаргонӣ, тиҷорат, саноат ва маодини устони Систону Балучистон баргузор гардид. Дар он оид ба зарфияту тавонмандиҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва транзитии устони мазкур ва Тоҷикистон мубодилаи афкор сурат гирифта, мулоҳизаву пешниҳодоти судманд ҷиҳати роҳандозии муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ садо доданд.
Акс аз ВКХ ҶТ








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд






