ШАРОФАТИ ДИДОРИ ШАРИФ. Баъди суҳбат бо Пешвои миллат Бенямини Илҳом ба табобати пурра фаро гирифта шуд

Январь 23, 2020 11:57

ДУШАНБЕ, 23.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо шарофати як дидору суҳбат  бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бенямини Илҳом дар шуъбаи гастроэнтерологияи Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» бо ҷалби беҳтарин табибону мутахассисони ҷумҳурӣ ба табобати  пурра фаро гирифта шудааст.

Хотиррасон мешавем, ки 15 январи соли равон дар маросими ифтитоҳи бинои нави мактаби №65 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хонандагони фаъол вохӯрӣ намуд. Дар  байни онҳо Бенямини Илҳом-  хонандаи синфи 4 мактаби таҳсилоти миёнаи  умумии №60-и ноҳияи Синои пойтахт низ иштирок дошт.

Пешвои миллат сараввал порчаеро аз достони  устод Мирсаид Миршакар «Қишлоқи тиллоӣ» дар қироати  зебо ва гӯшнавози писарбачаи даҳсола Бенямини Илҳом бо шавқ   истимоъ намуда, баъд пурсон шуданд, ки волидайни ӯ чикораанд. Аз ҷавоби кӯдак маълум шуд, ки падараш сарҳадбону модараш хонашин будаанд. Ҷаноби Олӣ меҳрубонона пурсиданд, ки худи ӯ кӣ шуданист?

ДАР АКС: Бенямин ҳангоми суҳбат бо Пешвои миллат

«Духтур», — посух дод писарак. «Чаро маҳз духтур?»,- мароқ зоҳир карданд Сарвари давлат. «Чунки ман беморам, — маҳзунона фаҳмонд кӯдак,- духтурон мегӯянд, ки илоҷи табобати ман дар хориҷа аст, лекин падару модари ман имконияти маро ба он ҷо бурдан надоранд, дасташон кӯтоҳ аст».

Инро гуфта, писарак ашк рехт. Аз ин суханон Ҷаноби Олӣ  ба риққат  омаданд, вале инро вонамуд накарда, сари кӯдакро падарвор сила намуда, гуфтанд: «Зиқ нашав, илоҷи табобати туро меёбем, мушкиле нест, ки осон нашавад».

Сипас, Сарвари давлат ба масъулин супориш доданд, ки ҳамаи имкониятҳоро дарёфта, табобати кӯдаки маризро ройгон ба роҳ монанд.  Боз таъкид намуданд, ки аз натиҷаи кор ба эшон ҳисобот диҳанд.

Дар тӯли қариб сӣ соли сарварӣ ба давлати соҳибистиқлоли  мо чунин амалҳои хайри  инсонпарварона аз ҷониби Пешвои миллат мудом ба зуҳур меоянд. Ва пайваста соҳибкорону ашхоси саховатпешаро даъват мекунанд, ки ба  ятимону барҷомондагону пиронсолон дасти мадад дароз кунанд. Меҳрубоние, ки Ҷаноби Олӣ нисбат ба ин кӯдаки мариз карданд, умре дар хотири ӯ ва ҳамаи шоҳидон мемонад.

Ҷаноби Олӣ воқеан Пешвои муаззами миллат, падари халқ ва ғамхори хурду калон мебошанд.

Бояд гуфт, ки роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти аҳамияти бузурги соҳаи илму маориф ба масъалаи бунёду сохтмони иншооти замонавии таълимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои баланд бардоштани сатҳи саводу маърифати наврасону ҷавонон ҳамеша эътибори аввалиндараҷа медиҳанд.

ДАР АКС: Пешвои миллат бо Бенямини хурдсол самимона суҳбат мекунанд

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд: “Мо хуб дарк мекунем, ки дастгирии соҳаи маориф ва ғамхорӣ дар ҳаққи насли наврас- сармоягузорӣ ба ояндаи ободи Ватан, пешрафти давлат, осоиши ҷомеа ва сарбаландии миллат мебошад”.

Хабарнигорони АМИТ “Ховар” ҳамчунин маълум намуданд, ки Бенямин зери дасти омӯзгор Моҳпарӣ Меликова дар МТМУ №60-и пойтахт таълим мегирад. Муаллима мегӯяд, ки бо шогирдаш мефахрад, зеро вай дониши хубу аъло дорад ва инчунин дар озмуни  “Фуруғи субҳи доноӣ…” иштироки фаъолона дошт. Мавсуф зикр кард, ки мехоҳад талабааш зуд шифо ёбаду ба муассиса баргардад.

ДАР АКС: Бенямини Илҳом ҳоло дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табобат мегирад

Дар ҳақиқат ин наврас бо далерию шуҷоат, нутқи бурро ва илму донишаш дили ҳамагонро тасхир кард. Афзал Миршакар, фарзанди шоири хушкаломи мо Мирсаид Миршакар барои ин ҷуръату бехато қироат кардани  порае аз достони  падараш «Қишлоқи тиллоӣ»дар саҳифаи фейсбукии худ ба ин наврас таҳсину офарин хонда, ба ӯ шифои комил орзу намудааст.

Аҳли хонаводаи Бенямини Илҳом аз  таваҷҷуҳи инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат нисбат ба фарзандашон минатдор ва аз иқдоми ғамхоронаи Сарвари давлат ифтихорманданд.

Мояи хушнудист, ки имрӯз насли наврас зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор гирифта, барои ҳаёту фаъолияти ояндаи онҳо тамоми шароити замонавӣ фароҳам оварда шудааст. Умед аст, ки насли даврони Истиқлолият аз ин ғамхориҳо самараи хуб бардошта, дар оянда ба давлату миллати худ ҷонфидоёна хизмат хоҳанд кард.

Мо низ ба Бенямини Илҳом шифои комил мехоҳем ва орзу мекунем ба орзуҳои некаш бирасад ва дар оянда ба нафъи халқу кишварамон хидмат намояд. Чуноне шоир Хайриддин Хайрандеш фармуда:

Инсонии Пешвои миллатро бин,

Шуд об дилаш зи гиряи Бенямин.

Тадбири табобаташ биандешид зуд,

Бенямини мо шифо биёбад! Омин!!!

 

Мансур СУРУШ,
София  ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Январь 23, 2020 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮДАКӢ-СОҲИБҚИРОНИ ШОИРӢ. Васфи шеъри Рӯдакӣ аз асрҳои миёна то ба асри нав
БУНЁДГУЗОРИ ЗАБОНИ НОБИ ТОҶИКӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
Президенти Тоҷикистон аз тағйирёбии босуръати иқлим ва оқибатҳои ногувори он изҳори нигаронӣ намуданд
ИСТИҚЛОЛИЯТ-ШИНОСНОМАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКОН. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба истиқлолият
Эмомалӣ Раҳмон: «Ормону орзуи ҳар шахс танҳо дар сурати побарҷо будани сулҳу суботи ҷомеаву давлат ва ваҳдати миллӣ амалӣ гардида метавонад»
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Шабакаи алоҳидаи телевизионии таълими забонҳои хориҷӣ таъсис дода шавад»
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН САРПАРАСТИ БОЗ ЯК ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ. Озмуни «Беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ» дар соли 2024 баргузор карда мешавад
«ДАҲСОЛАИ АМАЛ БАРОИ ИЛМҲОИ КРИОСФЕРА, СОЛҲОИ 2025-2034»: Талоши созанда барои ҷаҳонӣ гардонидани илмҳои қутбшиносӣ ва яхшиносӣ
ТАНҲО МУТОБИҚШАВӢ БА ИҚЛИМ КОФӢ НЕСТ. Гармои тӯлонӣ ва шадид зарурати амалҳои фавриро дар мубориза бо тағйирёбии иқлим таъкид менамояд
33 СОЛИ ПУРСАМАРИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Дар роҳи ватансозӣ мисли ангуштони як мушт сарҷамъу муттаҳид бошем!»
ИСТИҚЛОЛ ВА ШИНОХТИ АСОЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳои Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ Амид Комилбек дар ин маврид