ШОҲИДИ СЕ АСР! Дар вилояти Суғд сокини куҳансолтарини Тоҷикистон дар синни 127-солагӣ аз олам даргузашт

Январь 29, 2020 11:33

ДУШАНБЕ, 29.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сокини деҳаи Даҳанаи ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашти вилояти Суғд Фотима Мирзоқулова, ки куҳансолтарин сокини Тоҷикистон маҳсуб мешуд, дар синни 127-солагӣ аз олам даргузашт. Ҷасади ӯ 25 январ дар ҳамон деҳа ба хок супорида шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт хабар доданд.

Фотима Мирзоқулова 13 марти соли 1893 дар деҳаи Қаҳрамон, собиқ Булоқи ноҳияи Ашт ба дунё омадааст ва баъди издивоҷ бо як сокини Даҳана ба ин деҳа кӯчидааст.

Тибқи маълумоти пайвандон, ӯ якумр дар колхозҳои ноҳия (ҳоло хоҷагиҳои деҳқонӣ) кор кардааст. Соҳиби 8 фарзанд: панҷ духтару се писар аст, ки ҳар яке соҳиби маълумот, оилаву хонаву даранд. Ин зани меҳнатӣ баъди ба нафақа баромадан ҳам дар хона нишаста наметавонист ва дар мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта ба саҳро баромада, кор мекард. Аз аввал то анҷоми мавсими ҷамъоварии ҳосили «тиллои сафед» заҳмат мекашид. Барояш ин кор хеле писанд буд.

Бино ба маълумоти расонаҳо, бибии Фотима худ роҳ гашта метавонист ва аз саломатияш шикояте надошт.Ӯ давраҳои ҷавонияшро ба ёд оварда, мегуфт, ки дар сохтмони канали Фарғона кору фаъолият кардааст. Бибии Фотима ҳатто ҳамдеҳаи машҳураш Туйчӣ Эрйигитовро, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалок гардида, барои корнамоиҳояш сазовори унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шудааст, ба хубӣ дар ёд дошт.

Гуфта мешавад, ки ду сол пеш 125-солагии Фотима Мирзоқуловаро дар деҳаи Даҳана дар ҳалқаи фарзандону наберагон ва хешу табори наздикаш ҷашн гирифта буданд. Тантанаи расмие ба ин муносибат доир накарда буданд. Дар арафаи Рӯзи Модар ҳар сол намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси ноҳия дар қатори дигар занони собиқадору умрдида ба аёдати Фотима Мирзоқулова меомаданд.

«Бибии Фотима соҳиби қариб 200 набераю абераю чабера аст. Ин зани нуронӣ шоҳиди се аср — 19, 20, 21 ва се давраи таърихӣ — Россияи подшоҳӣ, Иттиҳоди Шӯравӣ ва, инак, Тоҷикистони соҳибистиқлол буд»,- гуфтанд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт.

Январь 29, 2020 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 200 нафақагири аз садсола боло зиндагӣ мекунад
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст
Дар Душанбе оид ба моддаҳои психотропӣ ва таъсири онҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии Москва оид ба рушди хизмати давлатӣ иштирок намуданд