Соли 2019 аҳолии Тоҷикистон зиёда аз 245 ҳазор нафар зиёд гардид

Январь 2, 2020 12:07

ДУШАНБЕ, 02.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2019 дар Тоҷикистон 245 ҳазору 840 кӯдак ба дунё омаданд. Дар ин бора аз Маркази ҷумҳуривии омор ва маълумоти тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Елена БАТЕНКОВА иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, шумораи таваллуд нисбат ба соли 2018 камтар шудааст.

Ба ҳамин тариқ, соли гузашта  дар шаҳри Душанбе 19 ҳазору 105, соли 2018 каме бештар, яъне 19 ҳазору 798  нафар навзод ба дунё омадаанд. Моҳи декабри соли 2019 дар Тоҷикистон 1315 нафар кӯдакон чашм ба олам кушодаанд.

«Соли 2019 дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 62 ҳазору 786, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 3 ҳазору 390, дар вилояти Хатлон 97 ҳазору 066 ва дар вилояти Суғд 63 ҳазору 495 нафар навзод ба дунё омадаанд», -афзуд манбаъ.

Мутаассифона, дар бораи он, ки дар муддати  31 декабр ва 1 январ чанд нафар тифл ба дунё омадаанд, маълумоти оморӣ дастрас нагардид. Вале дар бархе аз таваллудхонаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе шумораи навзодон дар ин муддат ба чанд нафар баробар аст, ба мо аён гардид. Масалан, дар Пажӯҳишгоҳи акушерӣ- гинекологӣ ва перинатологии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин муддат 23 навзод ба дунё омадааст. «Таваллуди кӯдак шодӣ ва хушбахтии беандозае барои ҳар хонадон аст. Шаби Соли нав дар Пажӯҳишгоҳи мо табибону акушерҳо, неонатологҳо ва ҳамшираҳои шафқат ба таври маъмулӣ кор карданд. Волидайн аз таваллуди кӯдак хеле шод мешаванд, бахусус дар шаби Соли нав. Ба шаҳрвандони хурдакаки Тоҷикистон ва волидайни онҳо саломатӣ ва тамоми хушиҳоро таманно мекунам», — зикр намуд директори Пажӯҳишгоҳи мазкур Гулҷаҳон Давлатзода.

Тавре аз таваллудхонаи №2 –и шаҳри Душанбе ба мо иттилоъ доданд, шаби Соли нав 11 кӯдак ба дунё омадаанд. «Бисёре аз волидайн, ки вақти таваллуди тифлашон ба охири декабр рост меояд, орзу мекунанд, ки фарзандашон шаби Соли нав, яъне шаби 31 декабр ба 1 январ ба дунё оянд. Баъзе аз модарон ҳатто мепурсанд, ки оё чунин шуданаш мумкин аст, ки ин ҳодисаи муҳим дар зиндагии онҳо шаби Соли нав рух бидиҳад? Албатта, касе намехоҳад, ки шаби Соли нав сари кор бошад, вале қарз қарз аст», — изҳор дошт сардухтури таваллудхонаи мазкур Маҳина Ҳусейнова.

Дар бемористони «Истиқлол» шаби Соли нав 14 тифл ба дунё омадаанд. Ба иттилои муовини директори маркази табобатии «Истиқлол» Муҳаббат Раҷабова,  шаби 31 декабр ба 1 январ дар ин ҷо 6 писар ва 8 духтар ба дунё омаданд. Волидайни ин тифлони навзод хеле хушбахтанд, зеро аз ин ба баъд онҳо дар як рӯз ду идро таҷлил хоҳанд кард.

Ба ҳамин тариқ, шаби Соли нав дар шуъбаи таваллудхонаи Маркази тиббии шаҳрии ба номи Карим Аҳмадов 13 тифл ба дунё омадаанд,-иттилоъ дод муовини директори маркази мазкур  Зулфия Абдусаломова.

Дар маҷмӯъ, шаби тантанаҳои таҷлили Соли нав танҳо дар Душанбе бештар аз 70 навзод ба дунё омадаанд.

Бояд гуфт, ки тибқи маълумоти сомонаи https://countrymeters.info/ru/, ки шумораи аҳолии сайёраро ҳисоб мекунад, ҳамарӯза дар Тоҷикистон 650 нафар навзод ба дунё меоянд. Мавриди зикри хос аст, ки маълумоти оморӣ оид ба аҳолии бештари мамлакатҳо дар асоси маводи Шуъбаи нуфуси аҳолӣ дар назди Департамент оид ба масъалаҳои иқтисодиву  иҷтимоии СММ омода мегардад.

Тибқи иттилои Маркази ҷумҳуриявии омор ва маълумоти тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ҳар рӯз дар мамлакат дар маҷмӯъ 673 тифл ба  дунё меоянд.

Январь 2, 2020 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад