Соли 2019 ба хориҷи мамлакат ба маблағи беш аз 18 млн доллар маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст

Январь 27, 2020 17:05

ДУШАНБЕ, 27.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2019 ба миқдори беш аз 18 млн доллари ИМА маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта аз рӯи арзиш 1 864 729 доллари ИМА зиёд мебошад. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ сардори Раёсати аграрӣ ва таъмини амнияти озуқавории ин вазорат Баҳодур Назаров иброз намуд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки таъмини бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти озуқаворӣ ва содирот намудани маҳсулоти ватанӣ яке аз вазифаҳои Вазорати кишоварзӣ ба шумор меравад. Бино ба зикри номбурда,  соли 2019 ба хориҷи мамлакат зиёда аз 1 18 446 тонна маҳсулоти растанипарварӣ ба маблағи 18,1 млн доллари амрикоӣ содирот шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 январ зимни маҷлиси васеи Ҳукумат ба роҳбарони вазоратҳои номбурда ва раисони шаҳру ноҳияҳои мамлакат супоришҳои мушаххас доданд, ки барои афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода намоянд.

Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон яке аз мамлакатҳои содироткунандаи мева ва хушкмева дониста мешавад.

Дар нишаст ба масъулин савол дода шуд, ки чаро соли 2019 мева, хушкмева ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ ба хориҷи мамлакат кам содирот шудаанд?

Дар посух ба ин савол сардори Раёсати аграрӣ ва таъмини амнияти озуқавории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Назаров гуфт, ки  соли гузашта аз мамлакат ба миқдори 136 ҳазор тонна мева содирот гардидааст. Зеро талаботи давлатҳои хориҷӣ ба хушкмеваҳои Тоҷикистон сол ба сол бештар мешавад.

Ба зикри номбурда, дар соҳаи растанипарварӣ 118 ҳазору 446 тонна маҳсулот содирот гардид, ки нисбат ба соли гузашта 11 фоиз кам мебошад. Соли 2019  содироти пиёз ва меваи зардолу дар шакли тару тоза нисбат ба дигар маҳсулот бештар содирот гардид.

Дар мавриди содироти лимӯ ба хориҷи мамлакат посух дода шуд, ки баъди санҷиши тӯлонӣ аз ҷониби коршиносони Чин ба қароре омаданд, ки содироти ин мева имсол аз Тоҷикистон ба Чин ба роҳ монда шавад.

Январь 27, 2020 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад