Таҷдиди роҳи мошингарди Шкев- Қалъаихум бо маром идома дорад
ХОРУҒ, 23.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Сарфи назар аз иқлими сарду боронӣ 125 нафар роҳсозони ватанию хориҷии ширкати сохтмони роҳу пулҳои Чин, мавсум ба «Чайна Роуд энд Бриҷ Корпорэйшн» бо истифода аз техникаи муосири роҳсозӣ ба ҳамворкунии қисмати шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Қароқум оғоз карданд.
Дар баробари тахт кардани роҳ коргарон ба бунёди корхонаҳои тавлиди сангреза, хобгоҳ барои роҳсозон, соҳилмустаҳкамкунӣ, ҳамчунин ба талаботи замони муосир мутобиқ гардондани инфрасохтори атрофи ин роҳи байналмиллалӣ машғул мебошанд.
Сардори идораи сохтмон ва таъмири роҳҳои мошингарди вилоят Гулаёз Гулаёзов гуфт, ки масофаи ин қитъаи роҳ 26 километрро дар бар гирифта, аз деҳаи Шкев оғоз ва то маркази ноҳия- шаҳраки Қалъаихумб идома меёбад. Дар ин масири роҳ бунёди се пул ба дарозии 74 метр ва васли як қубури ҳаҷман калони обгузар дар назар дошта шудааст. Маблағгузории қитъаи мазкурро Фонди кувайтии рушди иқтисодии Араб ба уҳда дорад.
Роҳсозон то имрӯз ду километр роҳро дар дашти Ёгед ва ду километри дигарро дар дашти Ширговад ҳамвор намуда, барои мумфаршкунӣ омода кардаанд. Ҳарорати ҳаво дар фасли зимистон хеле паст аст, аз ин рӯ қарор дода шуд, ки корҳои мумфаршкуниро фасли тобистон ба роҳ монанд.
Баъди ба итмом расидани сохтмони қитъаи роҳи Шкев-Қалъаихум навсозии роҳи 100-километраи Қалъаихум-Ванҷ оғоз мегардад. Ин қитъаи аз ҳама мушкилгузари роҳи Душанбе-Хоруғ дар қаламрави мамлакат буда, барои бунёди он вақт ва маблағи зиёд масраф мешавад.








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






