«Телефони боварӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шумораи 227-76-86 фаъол аст

Январь 31, 2020 13:00

ДУШАНБЕ, 31.01.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз зимни нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади таъмини робитаи доимии шаҳрвандон, инчунин сари вақт бохабар будан аз мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи  маориф дар минтақаҳо, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ  «Телефони боварӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳури Тоҷикистон   бо шумораи   227-76-86  фаъол аст.

Вазири маориф  ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода иброз дошт, ки соли 2019 тавассути телефонии боварии вазорат 207  нафар муроҷиат намудаанд.  Муроҷиатҳо асосан фарогири масоили ҷамъоварии маблағ барои таъмири муассисаҳои таълимӣ, қарздории музди маош ва пардохт нагардидани маблағи рухсатии меҳнатии омӯзгорон, ҷамъоварии маблағи моҳона, муносибати дағалонаи омӯзгор бо хонандагон ва амсоли инҳо мебошанд.  Нисбат ба ҳар  занги воридшуда масъулин тадбирҳои зарурӣ андешида, талабу дархости шаҳрвандонро қонеъ гардониданд. Инчунин аз 207 занги телефонӣ 112-тои он хусусияти машваратӣ дошт, ки сари вақт аз ҷониби масъулин ба суолҳои шаҳрвандон посухҳои мушаххас дода шуданд.

М.Имомзода ҳамчунин зикр кард, ки Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баландбардории сатҳу сифати таълим ва савияи донишу малакаи омӯзгорон  дар ҷумҳурӣ  тадбирҳои қатъӣ ва муассир меандешад.

Дар нишасти матбуотӣ   ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки  соли  2019   ба  Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф бештар аз 300 муассисаи таълимӣ, корхона, шахсони  ҳуқуқию воқеӣ   барои гирифтани иҷозатнома муроҷиат намуданд, ки  онҳо аз ташхиси иҷозатномадиҳӣ гузаронида шуданд.  Бо  сабаби ҷавобгӯи талабот набудани  ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда  ба филиали Муассисаи давлатии таълимии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор», ҶДММ «Элегант-Континентал»-и шаҳри Турсунзода, Муассисаи давлатии таълимии  «Литсейи саноати кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ  иҷозатнома дода нашуд.

Дар асоси муроҷиати шахсони  ҳуқуқии иҷозатномадор-Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Саманд-90» дар шаҳри Душанбе, ҶДММ «Фаридун»-и шаҳри Душанбе фаъолияти гурӯҳҳои таълимии онҳо дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ қатъ карда шуд.

Январь 31, 2020 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст