«Телефони боварӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шумораи 227-76-86 фаъол аст
ДУШАНБЕ, 31.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади таъмини робитаи доимии шаҳрвандон, инчунин сари вақт бохабар будан аз мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи маориф дар минтақаҳо, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ «Телефони боварӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳури Тоҷикистон бо шумораи 227-76-86 фаъол аст.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода иброз дошт, ки соли 2019 тавассути телефонии боварии вазорат 207 нафар муроҷиат намудаанд. Муроҷиатҳо асосан фарогири масоили ҷамъоварии маблағ барои таъмири муассисаҳои таълимӣ, қарздории музди маош ва пардохт нагардидани маблағи рухсатии меҳнатии омӯзгорон, ҷамъоварии маблағи моҳона, муносибати дағалонаи омӯзгор бо хонандагон ва амсоли инҳо мебошанд. Нисбат ба ҳар занги воридшуда масъулин тадбирҳои зарурӣ андешида, талабу дархости шаҳрвандонро қонеъ гардониданд. Инчунин аз 207 занги телефонӣ 112-тои он хусусияти машваратӣ дошт, ки сари вақт аз ҷониби масъулин ба суолҳои шаҳрвандон посухҳои мушаххас дода шуданд.
М.Имомзода ҳамчунин зикр кард, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баландбардории сатҳу сифати таълим ва савияи донишу малакаи омӯзгорон дар ҷумҳурӣ тадбирҳои қатъӣ ва муассир меандешад.
Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки соли 2019 ба Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф бештар аз 300 муассисаи таълимӣ, корхона, шахсони ҳуқуқию воқеӣ барои гирифтани иҷозатнома муроҷиат намуданд, ки онҳо аз ташхиси иҷозатномадиҳӣ гузаронида шуданд. Бо сабаби ҷавобгӯи талабот набудани ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ба филиали Муассисаи давлатии таълимии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор», ҶДММ «Элегант-Континентал»-и шаҳри Турсунзода, Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи саноати кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ иҷозатнома дода нашуд.
Дар асоси муроҷиати шахсони ҳуқуқии иҷозатномадор-Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Саманд-90» дар шаҳри Душанбе, ҶДММ «Фаридун»-и шаҳри Душанбе фаъолияти гурӯҳҳои таълимии онҳо дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ қатъ карда шуд.








ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид






