Тоҷикистон аз Ӯзбекистон 200 миллион метри мукааб гази табиӣ мехарад
ДУШАНБЕ, 28.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2020 Тоҷикистон ният дорад, ки аз ҳамсоядавлати Ӯзбекистон 200 миллион метри мукааб гази табиӣ харидорӣ намояд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини аввали Директори генералии ҶСК «Тоҷиктрансгаз» Шавкат Шоимзода хабар дод.
Ба иттилои номбурда, дар айни ҳол оид ба ин масъала гуфтушунид идома дошта, умед аст, ки он ҳалли худро меёбад.
«Соли 2019 Тоҷикистон дар ҳаҷми 140 млн метри мукааб ба маблағи 17,7 млн доллар аз Ӯзбекистон гази табиӣ харид, ки нисбат ба соли 2018 2,6 маротиба зиёд аст. Соли 2018 аз ин давлат 54,6 млн метри мукааб гази табиӣ ба маблағи 6,9 млн доллар ба Тоҷикистон интиқол дода шуд», — илова намуд Шавкат Шоимзода.
Ба гуфтаи номбурда, истеъмолгарони асосии гази табиии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ҳамоно корхонаҳои азими саноатӣ ва Маркази барқу гармидиҳии Душанбе мебошанд.
Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2018 «Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-1» бо тавоноии 60 мегаватт фаъолият намуд, ки истифодаи гази табиӣ нисбатан кам буд. Соли 2019 тавоноии марказ ба 90 мегаватт бардошта шуд, ки истифодаи гази табиӣ низ зиёд шуда, 108 млн метри кубиро ташкил дод.








Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид






