Тоҷикистон ва Беларус доираи васеи масоили вобаста ба таҳкими равобити дуҷонибаро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 23.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Минск 22 январ вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод бо муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус Андрей Евдоченко баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масоили вобаста ба таҳкими равобити дуҷониба, аз ҷумла дар самтҳои иқтисоду тиҷорат, саноату кишоварзӣ, илму маориф, фарҳангу гуманитарӣ ва ҳамкории байни минтақаҳои ҳарду давлатро муҳокима намуданд.
Ҷонибҳо аз натиҷаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф дар соли 2019, ки аз мувофиқаҳои қаблӣ дар сатҳи роҳбарони ду давлат бармеоянд, изҳори қаноатмандӣ намуда, дар бораи нақшаҳои соли 2020, аз ҷумла масъалаи доир намудани ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус ва баргузор намудани Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус изҳори назар намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо рағбати хешро барои боз ҳам тақвият додани муносибот таъкид намуданд.
Акс аз ВКХ ҶТ








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






