«Тоҷикстандарт» аз вуруди 5 тонна маҳсулоти қаннодии пастсифат ба бозорҳо ҷилавгирӣ намуд
ДУШАНБЕ, 28.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон («Тоҷикстандарт») воридоти 5 тонна маҳсулоти қаннодӣ — ириси «Aitan»-ро ба бозорҳои ҷумҳурӣ пешгирӣ намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз «Тоҷикстандарт» хабар доданд, дар доираи корҳои сертификаткунонии маҳсулот ба озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти хӯроквории дастгоҳи марказии Агентии «Тоҷикстандарт» намунаи маҳсулоти қаннодӣ – ириси «Aitan», ки аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ ворид карда шудааст, пешниҳод гардид.
«Намунаи ириси мазкур бо риояи қоидаҳои ташхис ва истифодаи усулҳои муқарраршуда дар озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти хӯроквории Агентии «Тоҷикстандарт» аз ташхис гузаронида шуд. Дар раванди ташхиси физикӣ-кимиёвӣ муайян карда шуд, ки намунаи маҳсулоти қаннодии пешниҳодгардида аз рўи нишондоди сифат ва бехатарӣ ба талаботи ҳуҷҷати меъёрии ГОСТ 6478-89 «Ирис. Шартҳои техникии умумӣ» мутобиқ нест», — афзуд манбаъ.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки бо дарназардошти ин, ба маҳсулоти мазкур сертификати мутобиқат дода нашуда, барои муайян намудани ҳолати минбаъдаи миқдори умумии маҳсулоти қаннодии воридгардида, ки 5000 кг-ро ташкил медиҳад, ҷиҳати тибқи низоми «Реэкспорт» аз қаламрави ҷумҳурӣ берун баровардани маҳсулоти мазкур ба Хадамоти гумрук дархост пешниҳод гардид.








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






