Варзишгарони навраси тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс соҳиби 3 медал шуданд
ДУШАНБЕ, 13.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс миёни наврасон варзишгарони тоҷик сазовори 3 медал: 2 нуқра ва 1 биринҷӣ шуданд. Мусобиқаи мазкур аз 6 то 10 январ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир шуда, дар он наздик ба 200 нафар варзишгарони соли таваллудашон 2004-2005 аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Россия иштирок намуданд.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс миёни наврасон аз рӯи 15 категорияи вазнӣ доир шуда, аз ҳайати дастаи Тоҷикистон медалҳои нуқраро Алишер Саидов дар вазни 44кг ва Абубакр Муродов дар вазни 54кг ба даст оварданд. Дар вазни 63кг Нурланбек Ёрматов ғолиби медали биринҷӣ гардид.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






