Вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода: Иқтидорҳои муайяншудаи истеҳсолии низоми энергетикии мамлакат айни замон 6483,4 МВт-ро ташкил медиҳанд

Январь 27, 2020 16:20

ДУШАНБЕ, 27.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Иқтидори низоми энергетикии ҷумҳурӣ сол то сол афзоиш ёфта, бо дарназардошти ба истифода додани ду агрегати Неругоҳи барқи обии  «Роғун» ва неругоҳи «Тоҷикистон» иқтидорҳои муайяншудаи истеҳсолии низоми энергетикии мамлакат айни замон 6483,4 МВт-ро ташкил медиҳанд. Дар ин бора Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд.

«Вазорати энергетика ва захираҳои об бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари бунёди неругоҳҳои барқи обии нав ба масъалаи барқарор намудани  иқтидорҳои мавҷуда таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Ҳоло таҷдиди  неругоҳҳои «Сарбанд», «Қайроққум» ва марҳилаи якуми таҷдиди НБО «Норак» идома доранд, ки баъди таҷдиди пурра тавоноии ин се неругоҳ нисбат ба тавоноии воқеии имрӯзаи онҳо афзоиш хоҳад ёфт»,-гуфт Вазири энергетика ва захираҳои об.

Бино ба маълумоти номбурда, соли 2019 истеҳсоли  неруи  барқ дар ҷумҳурӣ 20 млрд. 676,2 млн. кВт. соатро  ташкил  дод, ки ин нисбат ба соли 2018,  934,5 млн. кВт. соат зиёд буда, суръати афзоиш 104,7 фоиз  таъмин карда шуд (бо дарназардошти 280 адад НБО-и хурд).

Инчунин зикр гардид, ки ҳаҷми умумии содироти неруи барқи ба фурӯш баровардашуда дар соли 2019, 2 млрд.  888,9 млн. кВт. соатро ташкил дод, ки аз он 2 млрд. 883,3 млн.кВт. соат ширкати “Барқи Тоҷик” ва 5 млн. 621,2 ҳазор кВт. соат ширкати “Помир-Энерҷӣ” содирот намудааст. Ин нишондод нисбат ба соли 2018  481,7 млн. кВт. соат зиёд буда, суръати афзоиш ба 120 фоиз баробар шуд.

Бино ба маълумоти Вазир, соли 2019  корҳо дар доираи “Лоиҳаи минтақавии интиқоли барқ”, қисмати сеюми лоиҳаи “Кам намудани талафоти неру дар вилояти Суғд”, “Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит”, лоиҳаи “Ҷорӣ намудани системаи ҳисоби яклухти интиқоли неруи барқ ва беҳдошти шабакаҳои интиқоли барқ», “Таҷдиди НБО-и Сарбанд”, “Таҷдиди зеристгоҳи барқии 220 кВ Равшан”, “Беҳсозии шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе”, “Таҷдиди НБО-и Қайроққум”, “Лоиҳаи минтақавии хати интиқоли барқи CASA-1000” ва  “Марҳилаи якуми таҷдиди неругоҳи барқи обии Норак” идома дода шуданд.

Дар доираи лоиҳаҳои зикршуда дар ҳаҷми 1 566 млн. доллар маблағ ҷалб карда шудааст, ки 473,5 млн. доллари онро  маблағҳои грантӣ, 1 058 млн. доллар маблағҳои қарзӣ ва 35,3 млн. долларашро  саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад.

Январь 27, 2020 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад