Ҷаласаи якуми Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 08.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 7 январ дар шаҳри Тошканд ҷаласаи якуми Комиссияи муштараки демаркатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҷараёни гуфтушунидҳо тарафҳо сатҳи баланди муносибатҳои дуҷонибаро, ки ба шарикии стратегӣ асос ёфаанд, зикр намуданд.
Дар ҷаласа санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва техникӣ тасдиқ карда шуданд, ки ҳамчун замина барои демаркатсияи минбаъдаи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон хизмат менамоянд. Ҷадвали вохӯриҳо барои соли 2020 низ мувофиқа карда шуд.
Гуфтушунидҳо дар фазои созанда ва дӯстона баргузор шуданд.
Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа Протоколи дахлдор ба имзо расид.








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд






