ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Сохтмончиёни Мастчоҳ аз масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизоти истеҳсолии корхонаҳои ватанӣ пурсамар истифода мебаранд

Февраль 4, 2020 08:33

ДУШАНБЕ, 04.02.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳраки Ганҷободи ҷамоати шаҳраки Суғдиёни ноҳияи Мастчоҳ  бо мақсади беҳтар намудани  шароити таълиму тарбия барои 360 нафар хонанда муассисаи нави таълимӣ бунёд мегардад. Барои сохтмони иншооти мазкур аз ҳисоби буҷети давлатӣ 12 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. Дар ин бора  ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба масъулин бобати дар муҳлати пешбинишуда ба истифода додани муассисаи таълимӣ дастур дод. Ҳамчунин супориш дода шуд, ки дар рафти корҳои бунёдӣ аз масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизоти истеҳсолии корхонаҳои ватанӣ, аз ҷумла дару тиреза ва мизу курсиҳо самаранок истифода карда шавад.

Мавриди зикр аст, ки бинои таълимӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ду баст сохта шуда, фармоишгар Идораи сохтмони асосии вилоят ва паймонкор ҶДММ «Сохтмон — 3» — и ноҳия мебошад.

Имрӯзҳо корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур босуръат идома дошта, ба он беш аз 40 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ ҷалб гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади дар сатҳи баланд ва бо дастовардҳои арзанда пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ як зумра иншооти иҷтимоӣ бунёд мегарданд.

Февраль 4, 2020 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд