Абдулло Раҳмонзода: «Соли 2019 ба хазинаи варзишии мамлакат 355 медали тилло ворид карда шуд

Февраль 10, 2020 13:30

ДУШАНБЕ, 10.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2019 варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, ба хазинаи варзишии мамлакат 994 медал ворид карданд, ки аз ин 355 адад медали тилло, 250 нуқра ва 389 адад биринҷӣ мебошанд. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло  Раҳмонзода иброз намуд.

Бино ба зикри номбурда, аъзои дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намудҳои варзиши олимпӣ ва ғайриолимпӣ дар ҳайати 917 нафар ба чемпионатҳои Осиё, Ҷоми Осиё, Ҷоми Аврупо, Гран При, Гран Слам ва дигар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалие, ки тибқи нақшаи тақвимии федератсияҳои байналмилалии намудҳои варзиш пешбинӣ гардида буд, сафарбар карда шуданд.

«Инчунин сол аз сол шумораи бонувон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ зиёд шуда, соли гузашта 140 нафар бонувони варзишгар дар 50 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намуда 172 медал ба даст оварданд. Аз  ин шумора 67 медали тилло, 40 медали нуқра ва 65 медали биринҷӣ мебошад», — гуфт Абдулло  Раҳмонзода.

Ёдовар мешавем, ки медалҳои бадастовардаи  варзишгарони тоҷик нисбат ба ҳамин давраи соли 2018  569 адад зиёд мебошад.

Февраль 10, 2020 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд