Ба ифтихори Наврӯзи байналмилалӣ дар Тоҷикистон дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 28.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 14 март дар тамоми Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмиллалӣ дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад. Макони баргузории мусобиқаҳои мазкур дар шаҳри Душанбе аз гардиши Товус то «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт ва вақти баргузории онҳо аз соати 8:00 то 10:00 муқаррар шудааст. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Иқдоми мазкур дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат оид ба таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ роҳандозӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, соли сеюм аст, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ баргузор мегарданд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад






