БАБРИ БАРФӢ — БРЕНДИ ТОҶИКИСТОН. Он дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ «ITB Berlin-2020» муаррифӣ мегардад

Февраль 25, 2020 09:50

ДУШАНБЕ, 25.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Яке аз ҳайвонҳои нодири Тоҷикистон — бабри барфӣ ё озодапаланг ҳамчун бренди сайёҳии мамлакат дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ «ITB Berlin-2020», ки аз 4 то 8 март дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Германия доир мешавад, муаррифӣ мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мутобиқи маълумоти махзанҳои иттилоотӣ, Тоҷикистон аз ҷумлаи 12 кишвари дорои макони зисти озодапаланг дар ҷаҳон аст. Озодапаланг  ҳайвони ваҳшии нодиртарин маҳсуб шуда, ба «Китоби Сурх»-и ҷаҳонӣ (1963) ва «Китоби Сурх»-и Тоҷикистон (1988) шомил шудааст. Он ҳамчун зеботарин ҳайвони кӯҳӣ шинохта шуда, мавҷуд будани макони зисти он дар ҳар кишвар нишонгари поктарин экосистема аст.

«Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ «ITB Berlin-2020» 60 нафар, аз ҷумла роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, намояндагони 21 ширкати сайёҳии ватанӣ, 4 меҳмонхона ва намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Германия ба муносибати Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намояндагӣ ва муаррифӣ менамоянд», — иброз доштанд дар Кумитаи сайёҳӣ ба мухбири Агентӣ.

Дар ин намоишгоҳи сатҳи ҷаҳонӣ гўшаи сайёҳии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон — мамлакати сайёҳӣ» дар масоҳати 40 метри мураббаъ бо тарҳу усули миллӣ ва муосир ба тамошои дўстдорони сайру саёҳат гузошта мешавад.

Дар доираи баргузории Намоишгоҳи мазкур интизор меравад, ки дар ҳамкорӣ бо Сафорати Тоҷикистон дар Германия бо иштироки васеи ширкатҳои ватанӣ ва германӣ Форуми сайёҳии Тоҷикистон ва Германия доир гардад.

Ҳамчунин тибқи анъана, ҳамасола дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin» ҷаласаи вазирони кишварҳои ҳавзаи «Шоҳроҳи Абрешим»-и Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ доир мешавад.

«ITB Berlin» намоишгоҳи пешоҳанги тиҷоратии ҷаҳонӣ, тарғиботӣ оид ба имкониятҳои сайёҳии ҳар як давлат мебошад. Бо дастгири ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат иштироки намояндагони Тоҷикистон дар ин намоишгоҳи бонуфузи ҷаҳонӣ ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ барои таблиғи захираҳои сайёҳии мамлакат хеле муфид буда, имкон медиҳад, ки байни ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуда, ҷалби сайёҳони хориҷӣ аз қораи Аврупою Осиё вусъат дода шавад», — зикр намуд манбаъ.

 

Февраль 25, 2020 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи рушди низоми энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муаррифӣ гардид
Хоҷагидорони ноҳияи Вахш аз як замин чанд ҳосил ба даст меоранд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРӢ. 37 нуқтаи назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон фаъолият доранд
Дар Агентии обуҳавошиносӣ риояи Чаҳорчӯбаи васеъшудаи шаффофият дар доираи Созишномаи Парижро баррасӣ карданд
Масъалаи таъсиси корхонаи коркарди пашм ва бунёди боғи пистаи туркӣ дар вилояти Хатлон баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти бехатарии озуқаворӣ ҳамоиш баргузор шуд
Байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкатҳои «Канзи Диёр», «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» созишномаҳои сармоягузорӣ ба имзо расид
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Рашт оид ба истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласаи гурӯҳи корӣ баргузор шуд
Масъалаи таъсиси парки муштараки саноатии Тоҷикистону Эрон баррасӣ карда шуд
Сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони мақомоти алоқаи кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Беларус ҳамкории зиддикоррупсиониро тақвият мебахшанд
Дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва иқлим дар «Eco Expo Central Asia 2026» муаррифӣ гардид