БАРҚУ ГАРМӢ ИСТИФОДАИ САРФАКОРОНА МЕХОҲАНД. Вазорати энергетика ва захираҳои об лоиҳаҳои нави қоидаҳои истифодаи энергияи барқ ва гармиро таҳия намудааст
ДУШАНБЕ, 13.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби гурӯҳи кории босалоҳият лоиҳаҳои нави «Қоидаҳои истифодаи энергияи барқ» ва «Қоидаҳои истифодаи энергияи гармӣ» таҳия гардидаанд, хабар доданд ба АМИТ “Ховар” дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин ду лоиҳа дар сомонаи вазорат- www.mewr.tj бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҷойгир карда шудаанд.
Бо дарназардошти ин, тавре ба хабарнигори АМИТ “Ховар” дар ин мақомот шарҳ доданд, истифодабарандагон метавонанд ҳуҷҷати мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, пешниҳодҳои худро то 25 феврали соли 2020 бо мактуби расмӣ ва ё тариқи почтаи электронӣ (maksud_ismatov@mail.ru) ба Вазорат пешниҳод намоянд.
Пешниҳодҳои баъд аз санаи зикргардида воридшуда мавриди баррасӣ қарор дода намешаванд.
Ҷиҳати баррасии ниҳоии маводи мазкур ва мувофиқаи минбаъдаи он бо вазорату идораҳои дахлдор 2 марти соли 2020 дар маҷлисгоҳи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор мегардад.
Дар ҳолати ҳавасмандӣ шахсони ҳуқуқиву воқеӣ барои ширкат варзидан дар ин ҷаласа метавонанд рӯйхати намояндагони худро бо зикри ному насаб ва вазифа барои гирифтани иҷозатномаи воридшавӣ ба бинои Вазорат то 25 феврали соли 2020 ирсол намоянд.








Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад






