Барои рушди соҳаҳои тандурустӣ, иҷтимоӣ ва дастрасӣ ба оби ошомиданӣ дар Тоҷикистон панҷ лоиҳа ба имзо расид

Февраль 25, 2020 15:10

ДУШАНБЕ, 25.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар чаҳорчӯбаи Барномаи Ҳукумати Япония оид ба кумакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) панҷ лоиҳае, ки баҳри рушди соҳаҳои тандурустӣ, иҷтимоӣ ва дастрасӣ ба оби ошомиданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудаанд, бо Фонди Оғохон дар Тоҷикистон ва ташкилоти Оксфам ба тасвиб расиданд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки  созишномаҳои муштарак имрӯз, 25 феврал дар Сафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Мияшита ва намояндагони мақомоти пазирандаи грантҳо ба тасвиб расиданд. Маблағи умумии грантҳо 303,590 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Дар доираи созишномаҳо Лоиҳа оид ба барқарорсозии маркази ҷавонон дар шаҳри Хоруғ ва инчунин се лоиҳа барои сохтмони марказҳои саломатӣ дар ноҳияҳои Дарвоз, Рӯшон ва Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо Роҳбари Фонди Оғохон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кишвар Абдулалишоев ба маблағи 217,490 доллари ИМА ба имзо расонида шуданд.

Инчунин Лоиҳаи беҳтар намудани низоми хати оби нӯшокӣ дар 4 деҳаи ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ, ки бо Роҳбари ташкилоти «Oxfam GB» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Ализода бо маблағи 86,100 доллари ИМА ба имзо расонида шуд, амалӣ хоҳад шуд.

Февраль 25, 2020 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»