Дар ҷаҳон, ба истиснои Чин, 2,5 ҳазор нафар ба коронавирус мубтало шудаанд

Февраль 26, 2020 12:26

ДУШАНБЕ, 26.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. То субҳи рӯзи сешанбе, 25 феврал, шумораи гирифторони коронавируси COVID-9 дар саросари ҷаҳон, ба истиснои қисми материкии Чин, ба 2,438 ҳазор расида, дар як шабонарӯз 234 ҳодисаи ошкоршавии беморӣ зиёд шудааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба рӯзномаи South China Morning Post хабар медиҳад.

Ба маълумоти манбаъ, шумораи қурбониёни коронавирус дар як шабонарӯз аз 26 то 37 нафар афзудааст: 12 нафар дар Эрон, 9 нафар дар Кореяи Ҷанубӣ, 7 нафар дар Италия, 4 нафар дар Япония, 2 нафар дар Ҳонконг ва як ҳолатӣ фавти гирифторони ин беморӣ дар Франсия, Тайван ва Филиппин ба қайд гирифта шудааст.

Шумораи бештари беморон — 893 нафар дар Кореяи Ҷанубӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳудуди Япония 838 нафар муайян шудааст. Беш аз 630 нафари онҳо мусофирон ва аъзои экипажи Diamond Princess, ки дар Йокогама дар карантин қарор дорад, мебошанд.

Дар Италия 229 бемор, дар Сингапур — 90, дар Ҳонгконг — 81, дар Эрон — 47, дар Тайланд ва ИМА — 35 нафарӣ, дар Тайван — 28, дар Австралия — 23, дар Малайзия — 22, дар Германия ва Ветнам — 16 нафарӣ, дар Амороти Муттаҳидаи Араб ва Бритониёи Кабир — 13 нафарӣ, дар Франсия — 12, дар Макао ва Канада — 10 нафарӣ ба қайд гирифта шудаанд. Камтар аз 10-ҳодисаӣ дар Филиппин, Ҳиндустон, Кувайт, Испания, Уммон, Россия, Афғонистон, Баҳрайн, Белгия, Камбоҷа, Миср, Финландия, Исроил, Ливан, Непал, Шри-Ланка, Шветсия, Швейтсария, Алҷазоир, Каталония, Хорватия ба қайд гирифта шудаанд.

Февраль 26, 2020 12:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иттиҳоди Аврупо «Мета»-ро ба нақзи қоидаҳои ҳифзи кӯдакон дар Инстаграм ва Фейсбук айбдор кард
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Дар Норвегия истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони то 16-сола манъ карда мешавад
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Индонезия бақайдгирии кӯдакони то 16-соларо дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд