Дар Душанбе Анҷумани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 13.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 12 феврал дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Анҷумани 13 – уми Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки 311 нафар вакилон баргузор гардид. Кори Анҷуман бо қироати Суруди миллӣ оғоз шуда, сипас ҳайати Раёсати Анҷуман ва роҳбарикунандаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон интихоб гардид.
Тибқи пешниҳодҳо Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, Ризо Назарзода, Дилноза Аҳмадзода, Умед Раҳимзода, Шоҳзод Раҳимзода, Иброҳим Мирзозода- вакил аз шаҳри Душанбе, Сураҷ Чоршанбиев- вакил аз ВМКБ, Дилафрӯзи Абдулло, Фариза Абдуллоева- вакил аз вилояти Хатлон, Мирзоқосим Каримзода- вакил аз вилояти Суғд ва Каримҷон Салимзода- вакил аз минтақаи Рашт интихоб шуданд.
Муовини озоди Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Умед Раҳимзода доир ба фаъолияти 3- солаи Иттифоқи ҷавонон иброз дошт, ки ҷавонон дар ҷаҳони муосир қувваи бузурги пешбаранда ва бунёдгар эътироф шуда, рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ягон давлатро бе иштироки ҷавонон тасаввур кардан ғайриимкон аст.
«Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон аз ягон идеалогия ва ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ вобаста набуда, бо сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва созмонҳои наврасон, ки дар доираи қонун амал мекунанд, робитаҳои мутақобилан судманд ба роҳ мондааст. Инчунин Иттифоқ бо мақсади ташаккули фарҳанги сиёсии ҷавонон тайи солҳои сипаришуда як зумра корҳои фаҳмондадиҳӣ ва семинару конфронсҳоро дар шаҳру ноҳияҳо бо иштироки олимону муҳаққиқони соҳа роҳандозӣ гардидааст.
Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ дар мамлакат дар роҳи таҳкими ваҳдати миллӣ саҳми назаррас гузошта, ҳамчун ниҳоди ягонаи дорои ҳуқуқи пешбарии номзад аз номи кулли ҷавонони ҷумҳурӣ номзади арзанда ва маҳбуб- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои интихоб гардидан ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 пешбарӣ намудааст.
Дар ин радиф, аз номи кулли ҷавонони мамлакат пешниҳод гардидан ва ҳамасола таҷлил намудани 16 ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ташаббусҳои наҷиби Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад»,- гуфт Умед Раҳимзода.
Намояндагони филиалҳои «Иттифоқҳои ҷавонони Тоҷикистон» дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳри Душанбе зикр намуданд, ки воқеан, таҷрибаи солҳои охир дар ҷаҳони муосир нишон медиҳад, ки ба дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва инкишофи устувори ҷомеа танҳо кишварҳое муваффақ гардидаанд, ки ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, аз имкониятҳои фаровони ақлонӣ ва ҷисмонии онҳо самарнок истифода мебаранд.








Дар Тоҷикистон ҳавои рӯзи аввали моҳи март бебориш пешгӯӣ мешавад
ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Касбомӯзӣ метавонад яке аз роҳҳои муассири пешгирии гаравиши наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро бошад
Табибони тоҷик боз як усули нави ҷарроҳиро амалӣ намуданд
Маърузаи навбатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Президенти Тоҷикистон пешниҳод гардид
Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар партави ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Душанбе кумак расонида шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон конфронс доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад






