Дар Душанбе Маркази муосири диабети қанд ба истифода дода шуд

Февраль 28, 2020 14:48

ДУШАНБЕ, 28.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Маркази муосири диабети қанд ба истифода дода шуд.  Маркази мазкур аз толори варзишӣ, ошхона ва синфхонаи замонавӣ иборат буда, он аз ҷониби Сарраёсати агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар якҷоягӣ  бо Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии Ҳамадонӣ сохта шудааст. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар маросими ба истифода додани Маркази диабети қанд  Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ Рафъат Кёксал иштирок намуданд.

Насим Олимзода иброз дошт, ки  ба истифода додани маркази замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир барои табобати беморони диабети қанд самараи ҳамкории мутақобилан судманди ҷонибҳо мебошад. Маркази муосири диабети қанд барои гузаронидани омӯзишҳои иттилоотӣ равона шудааст. Дар ин ҷо беморони гирифтори диабети қанд метавонанд доир ба бемории худ аз  мутахассисони соҳа маълумот ва тавсияҳои зарурӣ гиранд.

Соли 2019 шумораи гирифторони бемории диабети қанд дар мамлакат 46 ҳазору 258 нафар ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 20 ҳазору 421 нафарро мардон ва 25 ҳазору 837 нафарро занон ташкил медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади пешгирӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли фарбеҳшавии аз ҳад зиёд, ки дар охир сабаби гирифтор шудан ба бемории диабети қанд мегардад, 30 сентябри соли  2019  зимни баргузории маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2024» қабул гардид.

Барномаи мазкур маҳз бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим тавассути пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ, аз ҷумла фарбеҳӣ ва оқибатҳои он таҳия ва қабул гардид.

Февраль 28, 2020 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
Дар саросари Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии «Гулгардонӣ» оғоз гардид
«ЗАН-МАЗҲАРИ ПОКИЗАГӢ». Аз 1 март то 31 май иқдоми ҷумҳуриявии ободкорию тозакорӣ баргузор мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд
Дар Душанбе оид ба ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат вохӯрӣ доир шуд
«СКАЛА – 2026». Дар Тоҷикистон тамрини махсуси байналмилалии наҷотдиҳӣ доир мегардад
Дар Тоҷикистон ҳавои рӯзи аввали моҳи март бебориш пешгӯӣ мешавад
ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Касбомӯзӣ метавонад яке аз роҳҳои муассири пешгирии гаравиши наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро бошад
Табибони тоҷик боз як усули нави ҷарроҳиро амалӣ намуданд