Дар Лондон Форуми якуми тиҷоратӣ ва cармоягузории Тоҷикистон ва Британияи Кабир доир мегардад
ДУШАНБЕ, 11.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Тоҷикистон дар Британияи Кабир хабар медиҳад, ки 22 апрели соли 2020 баргузории Форуми якуми тиҷоратию сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар Лондон ба нақша гирифта шудааст.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, Форуми мазкур бо дастгириҳои ҳукуматҳои Тоҷикистону Британияи Кабир ва ҳамкории КВД «TAJINVEST» ва Палатаи тиҷорат байни ду кишвар баргузор мегардад.
Дар кори он намояндагони воломақоми ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Британияи Кабир, доираҳои тиҷоратии ду давлат, роҳбарон ва намояндагони ширкату корхонаҳо, инчунин бунгоҳҳои хабарӣ ширкат меварзанд.
Тоҷикистон ҳамчун як бозори рушдёбанда бо иқтидори бузурги истифоданашудаи худ ба иштироккунандагон муаррифӣ гардида, дар он дар бораи имкониятҳо барои роҳандозии ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, энергетика, бонкдорӣ, рушди сайёҳӣ, саноатикунонӣ, зерсохтор ва истихроҷи маъдани мамлакат ба таври шоиста маълумот пешниҳод хоҳад шуд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид






