Дар Пекин изҳор намуданд, ки шояд манбаи эпидемияи коронавирус дар Чин набошад

Февраль 27, 2020 13:23

ДУШАНБЕ, 27.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сарчашмаи нахустини тавлиди эпидемияи  коронавирус  эҳтимол дар Чин набошад. Дар ин бора зимни инишасти матбуотӣ роҳбари комиссияи махсус оид ба муқовимат бо паҳншавии илтиҳоби шуши Кумитаи давлатии тандурустии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжун Наншан хабар дод, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС. 

«Вақте мо пешгӯӣ мекунем ва дар бораи эпидемия андеша меронем, мо сараввал Чинро ба инобат мегирем ва дигар кишварҳоро сарфи назар месозем.  Алҳол дар хориҷа низ вазъияти паҳншавии коронавирус вуҷуд дорад,- гуфт Чжун Наншан. Зуҳури ин беморӣ бори аввал  дар Чин маънои онро надорад, ки  макони аввалааш  низ  ин ҷост».

Тавре қаблан ҳукуматдорони Чин гуфтанд, сарчашмаи нахустини коронавирус ҳанӯз муқаррар нашудааст, аммо эҳтимол аст, ки паҳнкунандаи асосии он кӯршабпаракҳо ва ғайримустақимаш сусморҳоянд.

То ба имрӯз қурбониёни бемории коронавирус дар Чин 2744 нафарро ташкил дода, 32,4 ҳазор нафарашон шифо ёфтаанд, шумораи мубталогаштагон аз лаҳзаи аввал  ба 32,4 ҳазор расидааст.

Акс аз бойгонӣ

Февраль 27, 2020 13:23

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Дар Қазоқистон беш аз 1600 нафар барои либосе, ки чеҳраро пурра мепӯшонад, ба ҷавобгарӣ кашида шуданд
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд