Дар Тоҷикобод 182 лоиҳа ба маблағи 117 миллион сомонӣ татбиқ карда мешаванд
ТОҶИКОБОД, 12.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Тоҷикобод мутобиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2018-2020 татбиқи 182 лоиҳа ба маблағи 117 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Хушбахтона, то соли 2019 30 лоиҳа ба маблағи 14 миллиону 244 ҳазор сомонӣ татбиқ гардиданд. Дар назар аст, ки соли 2020 лоиҳаҳои идомаи сохтмони бинои қасри фарҳанг ба маблағи умумии 10 миллиону 700 ҳазор сомонӣ, идомаи чароғон ва мумфарш намудани кӯчаҳои маркази ноҳия ба маблағи умумии 8 миллион сомонӣ, сохтмони боғи фарҳанги ноҳия ба маблағи 12 миллиону 800 ҳазор сомонӣ, сохтмони 18 синфхонаи иловагӣ дар назди се муассисаи таълимӣ, навсозии бинои муассисаи таълимии №10 ба маблағи як миллион сомонӣ, сохтмони дарвозаи даромадгоҳи ноҳия ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ ва бунгоҳҳои тиббии деҳаҳои Оби сафед ва Дараи Нӯшор амалӣ мешаванд. 7 лоиҳаи дигар ба маблағи 8 миллион сомонӣ мавриди омӯзиш қарор доранд. Дар ин бора Раиси ноҳияи Тоҷикобод Ҳамидулло Маҳмадшозода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Дар ноҳия баҳри рушди соҳибкории хурду миёна шароити муносиб муҳайё гардидааст. Соли 2019 дар ҳудуди ноҳия 1446 субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2018 68 адад зиёд мебошад. Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия ба 1124 адад расидаанд, ки 222 ададашро занони кордони ноҳия ташкил менамоянд.
Масъулин ба саволҳо дар мавриди мушкилоти соҳаҳои гуногун, аз қабили норасоии духтурони маълумоти олидор, кӯҳнаю фарсуда будани бинои беморхонаи марказии ноҳия, дар хона-вагон ҷойгир будани чанд бунгоҳи тиббӣ, бо бинои маъмурӣ таъмин набудани Маркази санитарӣ-эпидемиологии ноҳия, норасоии омўзгорони соҳибихтисос, дар ҳолати садамавӣ қарор доштани 9 бинои мактаб ва таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ посух доданд, ки дар сурати пайдо гардидани сарчашмаҳои маблағгузорӣ, дастгирии соҳибкорони ватанию вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ин мушкилот давра ба давра бартараф мешаванд.








Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид






