Дар Тоҷикобод 182 лоиҳа ба маблағи 117 миллион сомонӣ татбиқ карда мешаванд

Февраль 12, 2020 10:50

ТОҶИКОБОД, 12.02.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар ноҳияи Тоҷикобод мутобиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2018-2020 татбиқи 182 лоиҳа ба маблағи 117 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Хушбахтона, то соли 2019  30 лоиҳа ба маблағи 14 миллиону  244 ҳазор сомонӣ татбиқ гардиданд.  Дар назар аст, ки соли 2020 лоиҳаҳои идомаи сохтмони бинои қасри фарҳанг ба маблағи умумии 10 миллиону  700 ҳазор сомонӣ, идомаи чароғон ва мумфарш намудани кӯчаҳои маркази ноҳия ба маблағи умумии 8 миллион сомонӣ, сохтмони боғи фарҳанги ноҳия ба маблағи 12 миллиону 800 ҳазор сомонӣ, сохтмони 18  синфхонаи иловагӣ дар назди се муассисаи таълимӣ, навсозии бинои муассисаи таълимии №10 ба маблағи  як миллион сомонӣ, сохтмони дарвозаи даромадгоҳи ноҳия ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ ва бунгоҳҳои тиббии деҳаҳои Оби сафед ва Дараи Нӯшор амалӣ мешаванд. 7 лоиҳаи дигар ба маблағи 8 миллион сомонӣ мавриди омӯзиш қарор доранд. Дар ин бора Раиси ноҳияи Тоҷикобод Ҳамидулло Маҳмадшозода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон  иттилоъ дод.

Дар ноҳия  баҳри рушди соҳибкории хурду миёна шароити муносиб муҳайё  гардидааст. Соли 2019 дар ҳудуди  ноҳия   1446 субъекти соҳибкорӣ  ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2018  68  адад зиёд мебошад. Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия  ба 1124 адад  расидаанд, ки 222 ададашро занони кордони ноҳия ташкил менамоянд.

Масъулин ба саволҳо дар мавриди мушкилоти соҳаҳои гуногун, аз қабили норасоии духтурони маълумоти олидор, кӯҳнаю фарсуда будани бинои беморхонаи марказии ноҳия, дар хона-вагон ҷойгир будани чанд бунгоҳи тиббӣ, бо бинои маъмурӣ таъмин набудани Маркази санитарӣ-эпидемиологии ноҳия, норасоии омўзгорони соҳибихтисос, дар ҳолати садамавӣ қарор доштани 9 бинои мактаб ва таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ посух доданд, ки дар сурати пайдо гардидани сарчашмаҳои маблағгузорӣ, дастгирии соҳибкорони ватанию вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ин мушкилот давра ба давра бартараф мешаванд.

Февраль 12, 2020 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид