Фаъолияти марказҳои дилхушии «Аловиддин» ва «Мадагаскар» барои риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор боздошта шуд

Февраль 11, 2020 16:11

ХОРУҒ, 11.02.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Фаъолияти ду маркази дилхушии шаҳри Хоруғ — «Аловиддин» ва «Мадагаскар» барои риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор боздошта шуд.

Нозирони Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вазъияти риояи бехатарии сӯхтор дар марказҳои дилхушӣ ва бозори марказии шаҳри Хоруғро мавриди санҷиш қарор дода, камбудиҳои ҷиддиро ошкор ва фаъолияти баъзе аз ин муассисаҳоро муваққатан қатъ намуданд.

Сардори раёсати мазкур Анвар Шолангаров иброз дошт, ки «ду маркази дилхушии шаҳр — «Аловиддин» ва «Мадагаскар» соли гузашта бо сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарии сӯхтор як ҳафта аз фаъолият боздошта шуданд. Роҳбарияти ин марказҳо бо ирсоли як нома хоҳиш намуданд, ки ба идомаи фаъолияташон иҷозат диҳанд ва онҳо дар навбати худ давоми як моҳ кулли камбудиҳоро ислоҳ мекунанд. Аммо бо гузашти қариб як сол масъулини марказҳои дилхушӣ камбудиҳоро бартараф накардаанд.

Инчунин ҳарду марказ дар ошёнҳои баланд ҷойгиранд, ки ин хилофи талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор мебошад. Дар ҳоле ки фаъолияти чунин марказҳо болотар аз ошёнаи дуюм қатъиян манъ шудааст. Илова бар ин ҳарду марказ баромадгоҳи эҳтиётӣ надоранд ва дар сурати сар задани ягон ҳодисаи нохуш наҷот додани кӯдакон мушкил хоҳад шуд. Бинобар ин мо фаъолияти ҳарду марказро то бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта қатъ намудем».

Ба иттилои номбурда, инфрасохтори бозори марказии шаҳри Хоруғ низ ба талаботи бехатарӣ аз сӯхтор комилан ҷавобгӯ нест. Соҳибкорони маҳаллӣ дар сари роҳҳои мошингузар аз селофану дигар маводи пластикӣ дӯконҳои худсохт  “бунёд” карда, ба ҳаракати мошинҳои махсус монеа эҷод мекунанд. Дар рӯзи санҷиш мошини сӯхторхомӯшкунӣ ба макони ҳодисаи эҳтимолии сӯхтор баъди 15 дақиқа расид. Дар ҳоле ки масофа байни роҳи марказии мошингард ва ҷои ҳодисаи эҳтимолии сӯхтор ҳамагӣ 40 метрро ташкил дод ва мошини сӯхторхомӯшкунӣ ин масофаро бояд дар зарфи ҳамагӣ як дақиқа тай мекард.

Мутобиқи иттилои раёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ,  давоми як сол дар ҳудуди вилоят 17 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуда, бар асари он  иқтисоди вилоят 210 ҳазор сомонӣ зарар дидааст.

Февраль 11, 2020 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад