ФУТБОЛ: «Хуҷанд» бо дастаи «Локомотив» -и Ӯзбекистон бозии дӯстона анҷом дод

Февраль 5, 2020 08:55

ДУШАНБЕ, 05.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи  «Хуҷанд»- и Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи плей-оффи Ҷоми КФО-2020   бо  дастаи «Локомотив»-и Ӯзбекистон бозии дӯстона доир кард. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи  футболи Тоҷикистон иттилоъ  медиҳад.  

Тибқи иттилои манбаъ, дар ин рақобат футболбозони тоҷик бо натиҷаи 3:0 мағлуб  шуданд. Ёдовар мешавем, ки якчанд рӯз пеш дар доираи марҳилаи муқаддамотии Лигаи чемпионҳо дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон дастаи «Локомотив»-и Ӯзбекистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода буд.

«Локомотив» (Ӯзбекистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон) – 3:0.

Голҳо: Марат Бикмаев, 15 (1:0), Кирил Погребняк, 33 (2:0), Темурхоҷа Абдухолиқов, 56 (3:0).

«Хуҷанд» (Тоҷикистон): Мамир Икромов, Сироҷ Ҳамроев, Алишер Баротов, Абдуғаффоров Ойбек, Чақалов Фирдавс, Комрони Мирзонажод, Бахтиёр Чориев, Аҳрор Умарҷонов, Фатҳулло Фатхуллоев, Саидхоҷа Муҳаммадшариф, Бозоров Дилшод.

Февраль 5, 2020 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд