Ҳилолбӣ Қурбонзода: «Тасмим гирифтем дар баъзе шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташхиси ройгони гирифторони ВНМО ва саратонро ба роҳ монем»
ДУШАНБЕ, 12.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдом гирифтааст, ки имсол дар баъзе шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар самти бемориҳои ВНМО ва бемории саратон ташхиси ройгони занонро ба роҳ монад. Ин нуктаро Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба хабарнигорон иброз дошт.
Мавсуф роҳандозии ин иқдомро ба пешгирии бемориҳои ВНМО ва саратонӣ миёни занони тоҷик рабт медиҳад.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии мамлакат, ҳоло шумораи умумии гирифторони бемории ВНМО 1320 нафарро ташкил медиҳад, ки 548 нафараш занонанд.
Зимни нишаст ҳамчунин зикр гардид, ки соли гузашта муроҷиати 929 нафар шаҳрвандон вобаста ба масъалаҳои хушунату зӯроварӣ дар оила ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад.
Ҳилолбӣ Қурбонзода ин масъаларо шарҳ дода, гуфт, ки хушунату зӯроварӣ дар оилаҳо асосан барои тақсими хона байни зану шавҳар ё аз сабаби рашк кардани якдигар ба миён меояд.
Ҳамчунин зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва тарзи пӯшидани либоси бегона зикр гардид, ки дар якчанд мамлакатҳо, аз ҷумла Франсия, Белгия, Нидерландия ва Қазоқистон барои пӯшидани либоси ғайр дар қонунгузориашон ҷарима пешниҳод шудааст.
Дар моддаҳои 14 ва 15-и Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликияташон агар ба фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забону либос эҳтиром ва арҷ намегузоранд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.
Аз ин лиҳоз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни аҳолӣ ва занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ мондааст, ки мақсад аз онҳо танҳо тарғиби либоси миллӣ мебошад.








Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ






