Хадамоти назорати истеъмолии Россия воситаҳои ташхиси сирояти коронавирусро ба Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ ройгон дастрас менамояд

Февраль 3, 2020 15:27

ДУШАНБЕ, 03.02.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Хадамоти назорати истеъмолии Россия бо мақсади расонидани кумак ба кишварҳо- иштирокчиёни   ИДМ воситаҳои ташхиси  сирояти коронавирусро, ки  барангезандаи  он 2019-nCoV мебошад, дастрас намуд.  Дар ин бора рӯзи  душанбе сомонаи  идора хабар додааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба  ТАСС.

«Хадамоти федералӣ  оид ба  назорат дар соҳаи ҳифзи  ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии  инсон бо мақсади  кумак ба кишварҳои узви Иттиҳоди  иқтисоди  АвруОсиё ва ИДМ  барои роҳ надодан ба воридот ва паҳн гаштани сирояти нави коронавируси 2019-nCoV, ба  кишварҳои шарик   воситаҳои ташхиси  лаборатории  коронавирусро, ки дар муассисаҳои федералии буҷетии соҳаи  илм- «Вектор» коркард шудааст,    тариқи ройгон дастрас  менамояд»,- омадааст дар хабар.

Зикр гардид, ки 1-2 феврали соли 2020  Хадамоти назорати истеъмолии Россия  аллакай миқдори зарурии системаҳои санҷишии Россияро  барои  дақиқ кардани  2019-nCoV  ба Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Ӯзбекистон интиқол намуд. Ба Тоҷикистон ва Қирғизистон низ  интиқоли воситаҳои  ташхис дар назар аст.

Дастрасии системаҳои санҷишӣ  ба кишварҳои  минтақаи АвруОсиё  дар доираи  татбиқи  тадбирҳои кумак ба давлатҳои ҳамсоя аз ҷониби  Хадамоти назорати истеъмолии Россия ба хотири  афзоиши неру  бар зидди хатарҳои бемориҳои сироятӣ амалӣ мегардад, таъкид  намуданд дар идора.

Февраль 3, 2020 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн