Хадамоти назорати истеъмолии Россия воситаҳои ташхиси сирояти коронавирусро ба Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ ройгон дастрас менамояд
ДУШАНБЕ, 03.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Хадамоти назорати истеъмолии Россия бо мақсади расонидани кумак ба кишварҳо- иштирокчиёни ИДМ воситаҳои ташхиси сирояти коронавирусро, ки барангезандаи он 2019-nCoV мебошад, дастрас намуд. Дар ин бора рӯзи душанбе сомонаи идора хабар додааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
«Хадамоти федералӣ оид ба назорат дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии инсон бо мақсади кумак ба кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисоди АвруОсиё ва ИДМ барои роҳ надодан ба воридот ва паҳн гаштани сирояти нави коронавируси 2019-nCoV, ба кишварҳои шарик воситаҳои ташхиси лаборатории коронавирусро, ки дар муассисаҳои федералии буҷетии соҳаи илм- «Вектор» коркард шудааст, тариқи ройгон дастрас менамояд»,- омадааст дар хабар.
Зикр гардид, ки 1-2 феврали соли 2020 Хадамоти назорати истеъмолии Россия аллакай миқдори зарурии системаҳои санҷишии Россияро барои дақиқ кардани 2019-nCoV ба Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Ӯзбекистон интиқол намуд. Ба Тоҷикистон ва Қирғизистон низ интиқоли воситаҳои ташхис дар назар аст.
Дастрасии системаҳои санҷишӣ ба кишварҳои минтақаи АвруОсиё дар доираи татбиқи тадбирҳои кумак ба давлатҳои ҳамсоя аз ҷониби Хадамоти назорати истеъмолии Россия ба хотири афзоиши неру бар зидди хатарҳои бемориҳои сироятӣ амалӣ мегардад, таъкид намуданд дар идора.








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






