ИНТИХОБОТ-2020: Дар Ҳисор номзадҳо бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир намуданд
ДУШАНБЕ, 20.02.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар ҳавзаи якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳисор №7 мулоқоти номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат бо сокинони ҷамоати шаҳраки Шарора баргузор гардид.
Дар он узви Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/, раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода сухан кард. Дар мулоқот номзадҳо Анвар Аъзамов, Ҳасан Давлатов, Абдулвоҳид Раҳимов, ки ба тариқи худпешбарӣ аз намояндагии ҲХДТ ба қайд гирифта шудаанд, инчунин Сурайё Уроқова – номзад аз ҷониби конференсияи ҲХДТ ва Субҳон Сатторов- номзад аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон иштирокдоронро бо барномаҳои пешазинтихоботии худ шинос намуда, ба саволҳои интихобкунандагон посух доданд.
Шарифҷон Ҷумъазода зикр кард, ки аз мо -интихобкунандагон тақозо мегардад, ки барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар ин маъракаи муҳим фаъолона ширкат намуда, роҳи минбаъдаи худро барои панҷ соли оянда муайян созем. Зикр шуд, ки аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳавзаҳои интихоботӣ тамоми шароити мусоид муҳайё карда шудаанд.
Гуфта шуд, ки ҲХДТ зода ва парвардаи афкори сиёсии бунёдгузор ва муассиси он- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар муддати 25 сол дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон ширкати фаъолона дошта, аксари дастовардҳои давлатамон ба фаъолияти пурсамари он тавъам аст. Ҳадафи ҲХДТ фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста ва таъмини ҳифзи иҷтимоӣ мебошад. Барномаи пешазинтихоботии номзадҳо аз ҲХДТ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва ҷамоатҳои шараку деҳот аз ғояҳои асосии Барнома ва Оинномаи ҳизб сарчашма мегирад.
«Боварии комил дорам, ки шумо 1 марти соли 2020 дар ҳавзаҳои интихоботӣ ба ҷонибдории номзадҳое овоз хоҳед дод, ки ҳимояи манфиатҳои халқу миллатро ҳадафи асосии фаъолият қарор додаанд ва овозу ҷонибдории шумо ба номзадҳо аз ҲХДТ кафили зиндагии шоиста ва орому шукуфон мебошад»,-гуфт дар анҷоми мулоқот раиси шаҳри Ҳисор.








200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад






