ИНТИХОБОТ-2020. Фазои маҷозӣ ва технологияҳои иттилоотию иртиботӣ — имкони нави таблиғоти интихоботӣ

Февраль 26, 2020 17:04

ДУШАНБЕ, 26.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи парлумонӣ қарор дорад. Ҳизбҳои сиёсӣ бо барномаҳои худ ва бо  дарки  масъулияти баланди худшиносӣ ва ватандӯстӣ барои пешрафти минбаъдаи давлатдории миллӣ дар интихоботи парлумонии соли ҷорӣ иштирок намуда, талош меварзанд комёб гарданд ва дар ин роҳ аз имкониятҳои технологияҳои иттилоотию иртиботӣ васеъ истифода мебаранд. Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ Парвиз МУҲАММАДЗОДА инро яке аз вижагиҳои раванди омодагӣ ба интихоботи имсолаи вакилони парламенти мамлакат арзёбӣ мекунад.

Матни пурраи мақолаи ӯро, ки ба АМИТ «Ховар» пешниҳод намудааст, дар зер манзури хонандагон менамоем.

Ба интихоботи парлумонӣ рӯзҳои ба шумор мондааст ва шаҳрвандони кишвар ин рӯзро бесаброна интизор буда, бо ширкати фаъолонаи худ дар ин маърака мехоҳанд ба рушди минбаъдаи кишвар саҳмгузор бошанд.

Бечунучаро саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароҳам овардани фазои орому осуда, таъмини амнияти давлат ва шаҳрвандон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои баргузории интихоботи шаффофу озод, иштироки  ҳизбҳои сиёсии кишвар ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа дар интихоботи парлумонии соли ҷорӣ бузург аст.

П. Муҳаммадзода, муовини директори МТС,
доктори илмҳои сиёсӣ

Дар остонаи интихоботи парлумонӣ дар байни ҷомеа ибораҳои зерин ҳамарӯза вирди забони мардум аст ва садои баланди ҷавонони ватандӯст ба гӯш мерасад: “Тоҷикистон, ба пеш!”, “Ҳама ба интихобот!”, “Ман интихоби худро дорам”, “Иштирокам ҳатмист”, “Райъи ман ҳалкунанда аст”, “Ман масъулиятро ҳис мекунам”, “Иштирок дар интихобот – масъулияти шаҳрвандии ман”, “Ман интихоб накунам, кӣ мекунад? ” ва ғайра.

Вижагии интихоботи парлумонии соли 2020 дар Тоҷикистон дар тафовут ба интихоботи қаблӣ дар он зоҳир мегардад, ки ҳизбҳои сиёсии кишвар ба таври бесобиқа ва бемаҳдудият фазои маҷозиро ҳамчун имкони нави таблиғоти интихоботӣ ба манфиати номзадони худ истифода мебаранд. Ва дар ин раванд ҳеҷ кас сари роҳи ин таблиғот шуда наметавонад ва маҳдудият ворид кардан ҳам имкон надорад. Бояд иқрор шуд, ки чунин усули таблиғоти интихоботӣ барои Ҷуҳурии Тоҷикистон нав ва беназир аст, ки ин аз рушди бесобиқаи технологияҳои иттилоотию иртиботӣ дар кишвар дарак медиҳад.

Истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ дар фазои маҷозӣ барои ҳама ҳизбҳои сиёсӣ имкони ташвиқи барномаҳои пешазинтихоботиро дар дурдасттарин манотиқи  кишвар ба таври шабонарӯзӣ ва бемамонияту бемаҳдудият  муҳайё сохтааст. Дебату баҳсҳо, ташвиқу тарғиби барномаҳои пешаинтихоботӣ ва вохӯриҳои ҳизбҳои сиёсӣ бо мардум бо шукуҳу шаҳомати хосса, чи дар фазои маҷозӣ ва чи дар фазои анъанавии Тоҷикистон бомаром идома доранд.

Бояд  зикр  намуд, ки технологияҳои иттилоотии замони муосир дар ҷомеаи иттилоотӣ пеш аз ҳама ба муносибатҳо ва ниҳодҳои сиёсӣ таъсири амиқ расонида, шаклҳои зоҳиршавии сиёсиро дигаргун  месозанд. Дар чунин шароит роҳу усулҳои таъсиррасонӣ ба афкори ҷамъиятӣ  фароҳам меоянд. Иттилоот ҳамчун манбаи асосии ҷомеаи иттилоотӣ ва технологияҳои иттилоотӣ омили муҳими пешрафт ба ҳисоб меравад.

Дар шароити муосир бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ таъсири «сиёсати нарм», ғасби иттилоотӣ, паҳн гардидани иттилооти экстремистӣ ва таъсири онҳо ба шуури ҷамъиятӣ, махсусан таъсири кибертерроризм ва киберэкстремизм дар ҷомеа ва киберҳамлаҳои тарғиботӣ дар раванди маъракаи таблиғотии интихоботӣ ба мушоҳида мерасанд.

Рушди ТИК ва ҷомеаи иттилоотиро бе шабакаи интернет тасаввур намудан ғайри имкон аст. Дар раванди истифодабарии шабакаи интернет ҳар як кишвар ба ду мушкилоти асосӣ рӯ ба рӯ мегардад:

  • якум, ташаккулдиҳии контенти миллӣ ва инфрасохтори иттилоотии мамлакат (бо забони давлатӣ сохта ба истифода додани системаҳои иттилоотии соҳавӣ, ба роҳ мондани хизматрасониҳои электронӣ, ташаккули ҳукумати электронӣ ва ғайра);
  • дуюм, таъмин намудани амнияти иттилоотии мамлакат (таъмин намудани амнияти инфрасохтори иттилоотии кишвар, баланд бардоштани саводнокии компютерии шаҳрвандон, омода намудани мутахассисони соҳаи ТИК, ҳимояи фазои иттилоотии мамлакат аз таҳдидҳои кибертерроризм ва киберэкстремизм, аз ҷумла аз киберҳамлаҳо дар раванди маъракаи таблиғотии интихоботӣ).

Мавриди зикр аст, ки тайи ду даҳсолаи охир дар шабакаи интернет зершабакаҳои мухталифи иҷтимоие ба вуҷуд омадаанд, ки ҳар яки онҳо хусусиятҳои ба худ хосеро доро мебошанд. Агар аз як ҷониб шабакаҳои иҷтимоӣ манбаи илму дониш,  васеъ кардани ҷаҳонбинӣ ва иртиботи доимии  одамон бошад,  аз ҷониби дигар сарчашмаи тарғибу ташвиқи андешаҳои ифротӣ ба ҳисоб рафта,   ҳамчун унсури таъсиррасон ва тарғибу ташвиқ дар раванди маъракаи интихоботӣ низ васеъ истифода мегарданд.

Масалан, айни замон дар шабакаи интернет чунин шабакаҳои иҷтимоӣ, ба монанди «Facebook», «Twitter», «Linkedin», «Telegram», «WhatsApp», «Wechat», «IMO» «Instagram» «В Контакте», «Одноклассники», «Viber», «Мой мир» «Мир тесен», «Yandex: Мой круг», «MYSPACE», «BeOn» ва  ғайра  мавҷуданд. Дар байни онҳо «Facebook» ҳамчун бузургтарин шабакаи иҷтимоии интернетӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, мувофиқи оморҳои моҳи июли соли 2019 онро ҳар моҳ беш аз 2,2 миллиард  сокинон саёра, аз ҷумла ҳазорҳо нафар сокинони Тоҷикистон  ба таври  фаъол истифода мебаранд.

Тадқиқотҳои сотсиологӣ дар солҳои охир нишон доданд, ки  истифодабарандагони сомонаҳои интернетӣ дар миёни   ҷавонони Тоҷикистон  зиёд ба назар мерасанд. Агар мо ба вақтҳои истифодабарии интернет диққат диҳем, хоҳем дид, ки дар маҷмўъ   53,5%-и истифодабарангони интернет дар қаламрави кишвари мо  ҳамарўза ба сомонаҳои интернетӣ ворид мешаванд, 46,5%-и  бошад, ҳафтае як ё ду  маротиба  ба интернет пайваст мешаванд. Аксари истифодабарандагон — 68,2%-ҷавонони шаҳр ва 41,8%  ҷавонони деҳот мнебошанд.

Вобаста ба минтақаҳои мамлакат  истифодабарандагони интернет дар  шаҳри Душанбе – 65%, ВМКБ – 50%, вилояти Суғд – 43%, НТМ–33,5% ва вилояти Хатлон –14,3%ро ташкил медиҳанд. (Молодежь Центральной Азии. Таджикистан. Результаты социологического исследования. — Алматы. 2017 -С.124.)

Илова бар ин, дар соли 2019 аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегии «Зеркало»    дар мавзӯи «Дар Тоҷикистон кӣ ба чӣ  бартарӣ медиҳад:   оид ба афзалияти ВАО миёни аҳолӣ» тадқиқот гузаронида шуд. Натиҷаи тадқиқот нишон дод, ки бештари истифодабарандагони интернет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Youtube, «Одноклассники» ва Facebook фаъолтар мебошанд.  Машҳуртарин ва серистифодатарин шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҷомеаи иттилоотии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «IMO» ва «Viber» ба шумор мераванд.

То моҳи декабри соли 2019 дар Тоҷикистон 645 500  нафар истифодабарандагони Facebook ба қайд гирифта шудаанд, ки 6,8% аҳолии кишварро ташкил дода, аксарияти онҳо мард  мебошанд- 78,1%. Ё ин ки 302 000 одамони аз 25 то 34-сола ҳамчун калонтарин гурӯҳи истифодабарандагон  арзёбӣ шудаанд.

Ё ин ки мувофиқи маълумотҳои «Data Reportal», то моҳи январи соли 2020 шумораи умумии истифодабарандагони интернет дар Тоҷикистон 2, 42 млн нафар  зикр  шуда, рушди солонаи он 15%-ро ташкил додааст. Инчунин,  то январи соли 2020 дар Тоҷикистон 490 ҳазор нафар истифодабарандагони фаъоли «Instagram», 240 ҳазор нафар  истифодабарандагони фаъоли «Facebook», 53,3 ҳазор истифодабарандагони фаъоли «Linkedin» ва 11,6 ҳазор нафар истифодабарандагони фаъоли «Twitter» ба қайд гирифта шудаанд.

Аз ин бармеояд, ки маълумот оид ба истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар кишвар якхела набуда, тафовут дида мешавад. Вале дар маҷмуъ рушди ТИК дар Тоҷикистон бо суръати хеле баланд идома дошта, истифодаи сомонаҳои интернетӣ, хосатан шабакаҳои иҷтимоӣ назар ба дигар ВАО аз ҷониби ҷавонони кишвар васеъ истифода бурда мешаванд.

Дар тўли ду даҳсолаи охир шабакаи интернет яке аз воситаҳои хеле муҳими пешбурди фаъолияти сиёсӣ гардидааст. Таҷрибаи баргузории интихоботҳои кишварҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки номзадҳо чи гуна аз саҳифаҳои интернеӣӣ истифода менамоянд. Ё ин ки кишварҳо ва гуруҳҳои манфиатҷӯ дар раванди маъракаҳои интихоботӣ бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ ҳамлаҳои хакериро анҷом дода, аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо паҳн намудани маълумотҳои бардурӯғ нисбати сиёсати давлатии ин ё он кишвар ба мафкураи шаҳрвандон ва бевосита дар  райъи шаҳрвандон нисбати номзадҳо таъсир мерасонанд. Илова бар ин, дар раванди маъракаи интихоботии кишварҳо гурӯҳҳои манфиатҷӯ бо ирсоли миллионҳо паёмакҳо аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва умуман паҳн намудани маълумотҳои таҳқиромез ва туҳматангез  дар байни аҳолӣ нисбати сиёсати давлатии кишварҳо, проблемаҳои дохилии онҳо, мавқеъгирии як кишвар  нисбат ба кишварҳои дигар  таъсир расонидаанд.

Яке аз  усулҳои истифодабарии ТИК ва дахолати кишварҳои абарқудрат созмон додани ҳазорҳо истифодабарандаи бардурӯғ бо номҳои маҳаллии кишварҳо дар шабакаҳои иҷтимоии «Twitter» ва «Facebook» ё ин ки истифода намудани ҷавонон дар паҳн намудани маълумотҳои «фейкӣ» ё худ бардурӯғ мебошад. Таҷрибаи интихоботии баъзе кишварҳо нишон медиҳад, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ бо ин роҳ тавонистанд ба мафкураи мардум таъсир расонанд ва як навъ бадбинии мардумро бедор намуда, райъи мардумро ба фоидаи ҳизбҳои худ ба даст оварданд. Баъзе аз кишварҳо аллакай таъсиси ҳазорҳо истифодабарандаи бардурӯғ бо номҳои маҳаллииро дар шабакаҳои иҷтимоии «Twitter» ва «Facebook» ошкор сохта, фаъолияти онҳоро маҳдуд ва бекор намудаанд, то ин ки аз ҳамлаҳои хакерӣ дар раванди интихоботӣ эмин бошад.

Ҷиҳати амалӣ намудани ин ҳадаф ва барои иртибот доштан бо ҷавонон ва назорати онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ,   умуман баҳри таъмини амнияти иттилоотии кишвар пешниҳод мегардад, ки дар оянда кишвари мо низ шабакаҳои иҷтимоии худӣ  ё маҳаллиро бо додани имтиёзҳои махсус ташкил намояд, то ки ҷавонон аз он истифода баранд. Масалан, Чин шабакаҳои иҷтимоии худиро бо номи «QQ» ва «Wechat» дорад, ки истифодаи онҳо аз ҷониби шаҳрвандони Чин нисбат ба истифодаи шабакаҳои иҷтимоии дигари ҷаҳонӣ бештар ба назар мерасад. Чиниҳо тариқи истифодаи шабакаи иҷтимоии «Wechat» на танҳо муошират менамоянд, балки тамоми амалиёти хариду фурӯш тавассути он  ба роҳ монда шудааст. Кишвари мо низ бо ин роҳ метавонад бо ҷавонони кишвар дар фазои иттилоотӣ дар иртибот қарор дошта,   онҳоро, махсусан дар раванди маъракаи интихоботии соли 2020,  аз таъсири идеологияи бегона нигоҳ дошта бошад.

Ҳизбҳои сиёсии кишвар дар раванди баргузории маъракаҳои интихоботӣ оид ба номзадҳо дар баробари дигар ВАО, инчунин аз шабакаҳои интернетӣ низ ба таври васеъ истифода менамоянд.

Дар сомонаҳои интернетӣ саҳифаҳои иттилоотию таблиғотӣ махсус оид ба барнома ва номзадон аз ҳизбҳои сиёсии кишвар, аз ҷумла аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кушода, барои интихобкунандагон маълумоти зарурӣ манзур намуданд, ки ба манфиати кор аст. Илова бар ин, бо мақсади васеъ паҳн намудани  маълумот саҳифаҳои иттилоотию таблиғотӣ дар  шабакаҳои иҷтимоии («Facebook», «Twitter», «Telegram», «WhatsApp», «Wechat», «IMO» «Instagram» «В Контакте», «Одноклассники», «Viber»)-и ҳама аъзоёни ҳизбҳои сиёсӣ, ки истифодабарандагони интернет мебошанд, ҷой дода шуданд.  Махсусан, ҳизбҳои сиёсӣ аз тариқи блогерҳои фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намудани маълумот оид ба барнома ва номзадони худро кор бурда истодаанд, зеро ҳар кадоме аз блогерҳои фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад садҳо хонандаи худро дошта бошад. Бо ин роҳ имкон фароҳам меояд, то шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, ки истифодабарандагони фаъоли интернет дар фазои маҷозии кишвар ба ҳисоб мераванд, дар бораи номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ маълумоти муфассал пайдо намоянд, аз  ҷараёни баҳсу мунозира ва масъалагузории онҳо хабардор шаванд.

Бинобарин, ба андешаи мо, дар раванди талиғоти интихоботӣ истифодаи фазои маҷозӣ ва технологияҳои иттилоотию иртиботӣ ва инчунин ба роҳ мондани иртиботи фардӣ бо шаҳрвандони кишвар, махсусан бо ҷавонон, ки қисми зиёди аҳолии кишвар ва фаъолони фазои маҷозии он ба ҳисоб мераванд, яке аз роҳҳои муҳими ба муввафақият ноил гардидан номзадон дар интихоботи парлумонии соли 2020 мебошад.

Парвиз МУҲАММАДЗОДА,
муовини директори Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
доктори илмҳои сиёсӣ

 

Февраль 26, 2020 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор шуд
28 декабр ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мегардад
27 декабр иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мешавад
Маҳмадтоир Зокирзода дар Москва аз ташаббуси ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда ёдовар шуд
Муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Хорватия густариш меёбанд
Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Ассамблеяи парламентии Осиё дар Шоҳигарии Баҳрайн иштирок доранд
ИНТИХОБОТ ПАДИДАИ ҶОМЕАИ ДЕМОКРАТӢ АСТ. Шарҳи профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Ҳайати парлумонӣ дар ҷаласаи ҳамкории парлумонии Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» қабул карда шуд
Муҳокимаи парлумонӣ дар Маҷлиси намояндагон
Дар Камбоҷа аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва нақши он дар таъмини ҳамзистии сиёсӣ-иҷтимоӣ ёдовар шуданд