Файзалӣ Идизода: «Ассамблеяи парламентии Осиё дар ташаккули фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ нақши муҳим дорад»
ДУШАНБЕ, 25.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе нахустин маротиба ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар кори ҷаласа Дабири кулл ва котиботи Ассамблеяи парламентии Осиё, роҳбарону ҳайатҳои парламентии беш аз 20 давлати аъзои созмони бонуфуз, аз ҷумла Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Подшоҳии Арабистони Саудӣ, Шоҳигарии Бутан, Шоҳигарии Баҳрайн, Шоҳигарии Камбоҷа, кишварҳои Қатар, Бангладеш, Индонезия, Кипр, Покистон, Туркия, Салтанати Умон, Чин, Эрон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Узбекистон ва Русия иштирок доранд.
Баргузории ҷаласа идомаи иштироки фаъоли Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти Ассамблеяи парламентии Осиё мебошад. Он ба таҳкими муколамаи байнипарламентӣ, тавсеаи ҳамкории мамлакатҳои Осиё ва баррасии муштараки масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ равона гардидааст.
Зимни ҷаласа Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода иброз намуд, ки баргузории ҷаласаи имрӯза дар шаҳри Душанбе барои таҳкими минбаъдаи ҳамкории байнипарламентӣ, густариши муколамаи созанда ва наздиктар гардидани мардумони давлаҳои мо заминаи мусоид фароҳам меорад.
«Ҷаҳони муосир марҳилаи мураккаб ва пуртаҳаввули рушди худро сипарӣ менамояд. Равандҳои босуръати ҷаҳонишавӣ, пешрафти технологияҳои иттилоотӣ, таҳаввулоти демографӣ ва пайдоиши таҳдиду хатарҳои нав аз давлатҳо ва ҷомеаҳои мо тақозо менамоянд, ки ба масъалаи ҳифзи арзишҳои маънавӣ, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, рушди инсон ва ҳифзи манфиатҳои наслҳои оянда таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Дар чунин шароит нақши парламентҳо ҳамчун ниҳодҳои намояндагии мардум ва майдони муҳими муколамаи сиёсиву иҷтимоӣ боз ҳам меафзояд. Парламентҳо на танҳо қонун қабул менамоянд, балки барои ташаккули фазои эътимод, таҳкими таҳаммулпазирӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ ва рушди устувор низ масъулияти муҳим доранд. Аз ин нуктаи назар Ассамблеяи байнипарламентии Осиё ба яке аз минбарҳои муҳими муколамаи байнипарламентӣ табдил ёфта, барои наздик намудани мавқеъҳо, табодули таҷрибаи қонунгузорӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои муштараки ҳалли масъалаҳои мубрами минтақа имконияти васеъ фароҳам овардааст», -афзуд Файзалӣ Идизода.
Раиси Маҷлиси намояндагон изҳор дошт, ки Осиё гаҳвораи тамаддуни бузург, фарҳангҳои куҳан, забонҳо, анъанаҳо ва эътиқодҳои гуногун мебошад. «Гуногунрангии тамаддунӣ ва фарҳангии қитъаи мо бояд на ҳамчун омили ҷудоӣ, балки ҳамчун сарвати муштарак ва заминаи ҳамдигарфармӣ, эҳтироми мутақобил ва ҳамдигарфаҳмӣ хизмат намояд. Таърихи инсоният собит намудааст, ки пешрафти воқеии ҷомеаҳо танҳо дар фазои сулҳ, эҳтиром ба фарҳанг ва ҳувияти дигарон, муколама ва ҳамзистии созанда имконпазир аст. Аз ин рӯ вазифаи мо, вакилони парламентҳо аз он иборат аст, ки бо истифода аз имконияти дипломатияи парламентӣ ва аз байн бурдани монеаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ба густариши робитаҳои байни халқҳо ва таҳкими фарҳанги сулҳ мусоидат намоем», -иброз дошт дар идома Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Таъкид карда шуд, ки масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид шудаанд, аҳамияти хос ва фарогир доранд. Ҳифзи мероси таърихӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм, тандурустӣ ва сайёҳӣ, дастгирии занон, ҷавонон ва калонсолон, истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, рушди неруи инсонӣ, инчунин тақвияти ҳамкории ҳуқуқӣ дар мубориза бо қочоқи сарватҳои фарҳангӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки ба ҳаёти ҳаррӯзаи миллионҳо сокинони кишварҳои мо таъсири мустақим мерасонанд. Ҳалли чунин масъалаҳо на танҳо дар доираи як давлат имконнопазир аст, балки онҳо аз мо ҳамбастагӣ, ҳамоҳангии мавқеъҳо, табодули таҷриба ва пеш аз ҳама, иродаи муштараки сиёсиро тақозо менамоянд. Маҳз аз ҳамин ҷиҳат муҳокимаи лоиҳаҳои қатъномаҳо дар доираи кумитаи доимӣ бояд на танҳо хусусияти расмӣ, балки мазмуну натиҷаи амалӣ дошта бошад.
«Мардуми тоҷик соҳиби таъриху фарҳанги чандинҳазорсола буда, дар ташаккули тамаддуни башарӣ саҳми арзанда гузоштааст. Осори бузургони илму адаб ва фарҳанги мо арзишҳоеро, чун сулҳ, таҳаммулпазирӣ, дӯстӣ, ҳамзистии осоишта ва эҳтироми инсон тарғиб менамояд. Имрӯз низ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаро пайгирона амалӣ намуда, ба густариши муносибатҳои дӯстона, ҳамкорӣ ва муколама бо ҳамаи кишварҳо аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад. Таҷрибаи таърихии давлати мо нишон медиҳад, ки сулҳ ва субот бузургтарин замина барои рушди давлат, пешрафти ҷомеа ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошанд. Маҳз ҳамин арзишҳо: сулҳ, ваҳдат, муколама ва эҳтироми ҳамдигар бояд меҳвари ҳамкории мо дар доираи Ассамблеяи парламентии Осиё бошанд», -гуфт Файзалӣ Идизода.
Изҳор гардид, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими робитаҳои байнипарламентӣ бо кишварҳои Осиё аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.
«Мо Ассамблеяи парламентии Осиёро ҳамчун майдони муассири ҳамкорӣ мешиносем, ки метавонад дар шароити таҳаввулоти ҷаҳонӣ барои ташаккули фазои бештари эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ дар қитъаи мо нақши муҳим бозад. Мо ҷонибдори таҳкими минбаъдаи иқтидори Ассамблея, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти сохторҳои он ва тақвияти ҳамкории амалӣ байни парламентҳои кишварҳои аъзо мебошем. Дар ин раванд фаъолияти кумитаҳои доимӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аҳамияти махсус дорад. Зеро маҳз масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бевосита ба инсон, ба зиндагии ҳаррӯзаи ӯ, ба ҳифзи шаъну шараф, арзишҳо, анъанаҳо ва ояндаи фарзандони мо иртибот доранд. Дар баробари ин зарур аст, ки ҷавонони мо дар руҳияи донишандӯзӣ, худшиносӣ, эҳтиром ба фарҳанги дигарон ва масъулиятшиносӣ дар ҷомеа тарбият ёбанд. Ҷавонони Осиё бояд насли муколама, ҳамкорӣ ва созанда бошанд», -афзуд Раиси Маҷлиси намояндагон.
Изҳори итминон карда шуд, ки санадҳои қабулнамудаи Ассамблея ба густариши воқеии байни давлатҳо, такмили қонунгузории миллӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандон мусоидат менамоянд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти мақоми қонунгузор барои пешрафти давлат равона шудааст
Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»
Дар Душанбе ҷаласаи Раёсат/Бюрои Ассамблеяи парлумонии Осиё баргузор гардид
Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ оғоз шуд
Мавсума Муинӣ бо раиси Комиссияи Сенати Шоҳигарии Камбоҷа оид ба ҳуқуқи инсон вохӯрӣ намуд
Мавсума Муинӣ бо роҳбари ҳайати Подшоҳии Баҳрайн Аҳмад Алсаллум вохӯрӣ намуд
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кипр густариш меёбанд
Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Бангладеш баррасӣ гардид
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ доир мегардад






