«Китоб решагузори хирадмандист». Дар Раёсати САҲШ толори китобхонаи муосир таъсис дода шуд

Февраль 20, 2020 14:00

ДУШАНБЕ, 20.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар бинои Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии /САҲШ/ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон толори китобхонаи муосир бо теъдоди беш аз 2000  адад китобҳои бадеӣ, сиёсӣ, маҷаллаю рӯзномаҳо  ва дигар дастуру барномаҳои соҳавӣ таъсис дода шуд.

Тавре  сардори Раёсати САҲШ Саодатбибӣ Сироҷзода зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд: «Ҳукумати мамлакат ба бунёди китобхонаҳо ва ҷалби наврасону ҷавонон, хусусан, занон ба китобхонӣ  таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда,  ба хотири соҳибмаълумот шудан  ва такмили дониши аҳли ҷомеа пайваста тадбирҳои  судманд меандешад.  Дар раёсати САҲШ, ки зиёда аз 95 фоизи кормандонро занон ташкил медиҳанд, дар ҳақиқат ниёз ба ташкили китобхона пеш омада буд.  Аз ин рӯ, Раёсат бо мақсади баланд бардоштани донишу ҷаҳонбинии кормандон барои таъсиси китобхона шароити мусоид фароҳам овард».

Ба гуфтаи  номбурда, китобҳои ин махзани дониш  бо саҳмгузории раёсат ва худи кормандон ҷамъоварӣ  шудаанд. Барои дар оянда ғанӣ гардонидани хазинаи китобхона номгӯи силсилаи  адабиёти бадеии беҳтарин омода гардидааст ва бо мурури замон намунаҳои назмиву насрии он ворид карда мешаванд. Зеро китобхона макони илму маърифат ба шумор рафта, ба кормандони имкон медиҳад, ки барои такмил додани дониш ва дарёфти иттилоот аз он самаранок истифода баранд.

«Дар Паёми навбатии хеш Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ташкили китобхонаҳо ва дуруст ба роҳ мондани фаъолияти онҳо дар ҳамаи ташкилоту корхона ва муассисаҳо ва ҳамасола   идома додани Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» сухан гуфтанд. Ин иқдоми навбатии Сарвари давлат муҳим ва саривақтӣ буда, китоб яке аз беҳтарин офаридаҳои инсон аст,  ки тавассути он насли имрӯза аз таҷрибаи гузаштагон баҳраманд  мегарданд.  Гузаштагони мо  афкору андешаи худро барои ояндагон  маҳз тавассути китоб ба мерос гузоштаанд. Тавре бузургон дар ситоиши китоб гуфтаанд: «Китоб решагузори хирадмандист», — хулоса кард сардори Раёсати САҲШ Саодатбибӣ Сироҷзода.

Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон инчунин ба масъалаи китобу китобдорӣ, мутолиаи он, бавижа  асарҳои бадеӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, таъкид карданд, ки «китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».

Дар ин росто, Пешвои миллат ба вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, сохторҳои илмӣ, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот дастур доданд, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монда, иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд. 

Февраль 20, 2020 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид