Корманди КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и шаҳри Исфара ба расонидани зарари махсусан калони моддӣ гунаҳгор дониста мешавад

Февраль 19, 2020 11:00

ДУШАНБЕ, 19.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти мутахассиси Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Исфара шаҳрванд Ш.М. хабар медиҳад, ки ба расонидани зарари махсусан калони моддӣ гунаҳгор дониста мешавад.

Тибқи иттилои Агентии мазкур, мавсуф давоми солҳои 2015-2017 аз шаҳрванд М.Р. барои иваз намудани таъйинотӣ қитъаи замини бошишгоҳи саҳроӣ, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Лаккони шаҳри  Исфара 12 ҳазор доллари америкоӣ гирифтааст.

Оид ба ҳолати мазкур нисбат ба Ш.М. 17 январи соли 2020 бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» Коденкси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пешакии он идома дорад», — гуфта мешавад дар иттилоияи Агентӣ.

Зимнан, чанде қабл зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар соли 2019 директори он Сулаймон Султонзода дар ҳузури хабарнигорон оид ба хариду фурӯши ғайриқонунии замин дар мамлакат иттилоъ дод.

«Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ нишон медиҳад, ки дар ин давра аз ҷониби кормандони кумитаҳои давлатии идораи замин ва геодезӣ дар маҷмӯъ 87 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст»,- афзуд мавсуф.

Ба иттилои Сулаймон Султонзода, аз ин шумора 12 ҳолат ба шаҳри Исфараи вилояти Суғд рост меояд.

Февраль 19, 2020 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд