Кормандони милитсия сокини шаҳри Душанберо бо гумони ташкили фоҳишахона дастгир намуданд
ДУШАНБЕ, 26.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони милитсия зани 27-солаи сокини кӯчаи Саъдии Шерозии шаҳри Душанберо бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки номбурда ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дастгир гардидааст.
«Муайян гардид, ки шаҳрванд 24 феврал хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, бо ин роҳ аз марди 25 ва зани 20-солаи сокинони шаҳри Душанбе маблағи 300 сомониро чун мукофотпулӣ гирифтааст», — омадааст дар иттилояи манбаъ.
Зимнан, 2 январи соли 2019 равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд қонунҳоро дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда ба имзо расониданд. Дар ин миён ба Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Аз ҷумла, ба моддаи 239 Кодекси ҷиноятӣ, ки ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ ном дорад, қисми 2 илова гардид. Тибқи он агар ҳамин кирдор такроран ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад, бо маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 8 сол ҷазо дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур корҳои тафтишотӣ идома доранд.








Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид






