Коршинос аз Германия ба ислоҳот ва имтиёзҳо дар соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон баҳои баланд дод
ДУШАНБЕ, 13.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Коршиноси соҳаи сайёҳӣ аз Ҷумҳурии Федеративии Германия Курт Ҳайнт Рейтс дирӯз зимни мулоқот бо Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ба ислоҳот ва имтиёзҳо дар соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон баҳои баланд дода, дар татбиқи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори ҳамкорӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот Ширин Амонзода меҳмонро бо сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намуда, аз дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди сайёҳӣ ҳамчун самти ояндадори иқтисоди миллӣ маълумот дод. Зикр намуд, ки Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардида, нақшаҳои амали он фарогири масоили рушди сайёҳӣ мебошанд.
Курт Ҳайнт Рейтс таҷрибаи бисёрҷанбаи соҳавии рушди муваффақонаи сайёҳӣ дар кишварҳои Мексика (эко-туризм), Булғористон (омодасозии мутахассисон), Ӯзбекистон (коркарди маҳсулоти сайёҳӣ), Лаос (беҳтаргардонии сайёҳӣ ва маркетинг), Қирғизистон ва Гурҷистон дорад.
Айни замон коршиноси немис бо даъвати ширкати сайёҳии ватанӣ “Go Travel Tajikistan” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Интизор меравад, ки дар доираи сафари кории коршиноси немис бо иштироки донишҷӯёни бахшҳои сайёҳии мактабҳои олии мамлакат, туроператорон ва доираҳои соҳибкорӣ силсиламулоқот анҷом дода шаванд.








«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд






