Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон ба рӯйхати 50 маркази беҳтарини таҳлилӣ дар Осиёи Марказӣ шомил шуд
ДУШАНБЕ, 11.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи Пенсилвания (ИМА) рейтинги марказҳои пешрафтаи таҳлилӣ «Global Go To Think Tank Index Report 2019»-ро муаррифӣ намуд, ки дар он Маркази тадқиқоти стратегии (МТС) назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати 50 маркази беҳтарини таҳлилии Осиёи Марказӣ шомил гардидааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар рейтинги беҳтарин марказҳои таҳлилӣ дар Осиёи Марказӣ, МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни 63 пажӯҳишгоҳи беҳтарини тадқиқотию таҳлилии Осиёи Марказӣ зинаи 37-умро ишғол намуд. МТС дар муқоиса бо соли гузашта як зина боло рафта, ин нишондодро нисбат ба соли 2017 чор мавқеъ беҳтар намудааст (он вақт Марказ зинаи 40-умро ишғол мекард – тавз. АМИТ «Ховар»).
Дар рейтинг инчунин дар зинаи 57-уми гузориш Маркази бозори озоди Тоҷикистон ҷой дода шудааст. Ин марказ дар муқоиса ба соли гузашта ду зина боло рафта, нишондоди мазкурро нисбат ба соли 2017 панҷ мавқеъ беҳтар намудааст (он вақт Марказ зинаи 62-юмро ишғол мекард – тавз. АМИТ «Ховар»).
Муаллифони рейтинг инчунин ҳисоб кардаанд, ки дар Тоҷикистон 7 маркази таҳлилӣ фаъолият мекунанд. Дар гузориш оварда шудааст, ки дар Қазоқистон 31 маркази таҳлилӣ, дар Қирғизистон — 28, дар Ӯзбекистон – 12 марказ фаъоланд, Туркманистон ба рейтинг шомил карда нашудааст.
МАЪЛУМОТИ АМИТ «ХОВАР»:
Донишгоҳи Пенсилвания (англ. University of Pennsylvania) — донишгоҳи хусусии тадқиқотии ИМА аст, ки дар Филаделфия (иёлати Пенсилвания) ҷойгир мебошад. Онро соли 1740 Бенҷамин Франклин таъсис додааст. Ин яке аз қадимтарин муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва аввалин донишгоҳ дар ИМА мебошад.
Рейтинги солонаи марказҳои тадқиқотӣ ва таҳлилии ҷаҳон «Global Go To Think Tank Index Report» аз соли 2008 инҷониб дар доираи барномаҳои «Марказҳои коршиносию таҳлилӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ» нашр мегардад.
Гузориш ба таъсиси шабакаҳои минтақавӣ ва глобалии институтҳо ва ҷомеаҳои сиёсӣ, ки имкон медиҳад самаранокии кӯшишҳои сиёсӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ баланд бардошта шаванд, мусоидат намуда, ба таҳкими институтҳои демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар тамоми ҷаҳон хизмат мекунад.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд






