МАВСИМИ КИШТ ФАРО МЕРАСАД. Дар шаҳри Турсунзода намоиши омодагии мошинолоти кишоварзӣ баргузор гардид
ТУРСУНЗОДА, 27.02.2020./АМИТ«Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода беш аз 1900 техникаи кишоварзӣ мавҷуд буда, зиёда аз 1700-тои он ба мавсими кишт омода мебошанд. То оғози мавсими кишт шумораи дигари техника низ аз таъмир бароварда шуда, ба кишт сафарбар мегардад. Инчунин 494 испор, 38 тухмипош, 261 сихмола, 1186 ядакҳои тракторӣ, 36 култиватор ва дигар мошинолот ҷиҳати хизмат ба кишоварзон дар хоҷагиҳо омодаанд. Дар ин давра беш аз 300 техникаи хусусӣ аз муоинаи техникӣ гузашта, аз 1 март то 4 апрели соли равон техникаи хоҷагиҳои кишоварзӣ мавриди муоинаи техникӣ қарор дода мешаванд.
Дар ин бора зимни баргузории намоиши омодагии техника ва мошинолоти кишоварзӣ дар маркази шаҳри Турсунзода, ки дар он муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зеваршо Зеваршоев ва раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода иштирок доштанд, иттилоъ дода шуд.
Тибқи иттилои масъулини шаҳри Турсунзода, роҳбарони сохтори кишоварзии шаҳр дар намоишгоҳ ба раиси шаҳр ва муовини Вазири кишоварзӣ вобаста ба омодагии техника ва мошинолот маълумоти муфассал пешниҳод карданд.
Ёдовар мешавем, ки майдони умумии заминҳои кишт дар шаҳри Турсунзода беш аз 20 070 гектарро ташкил медиҳад.
Хоҷагидорони шаҳр тибқи нақша соли равон бояд дар майдони зиёда аз 9000 гектар кишти баҳорӣ гузаронанд.








Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид






