Моҳи феврал дар Тоҷикистон бориши зиёди борон ва барф дар назар аст

Февраль 12, 2020 08:40

ДУШАНБЕ, 12.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 11 то 13 феврал дар ҷумҳурӣ номусоид гардидани вазъи ҳаво дар назар дошта  шуда, боридани борон ва барф пешгӯӣ гардидааст.  Аз ҷумла, дар ин  рӯзҳо  дар мавзеъҳои алоҳидаи ноҳияҳои тобеи марказ  ва водиҳои доманакўҳи вилоятҳои Хатлон ва Суғд боришоти пуршиддат ба амал меоянд.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, мувофиқи пешгӯиҳои марказҳои ҳавосанҷии Россия, Аврупо, Амрико ва Германия,  моҳи феврал дар Тоҷикистон дар натиҷаи зуд-зуд ҳаракат кардани тундбодҳо аз тарафи минтақаҳои ҷанубу ғарб ҳаво нисбат ба  солҳои қаблӣ гарм шуда, дар тамоми манотиқи мамлакат ҳарорат аз меъёри муқаррарӣ аз 2 то 4 дараҷа баланд мешавад. Вале дар ин моҳ дар водиҳо,  минтақаҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳӣ бориши зиёди борону барф дар назар дошта шудааст.

Бо баландшавии ҳарорати ҳаво ва дарназардошти боришоти аз меъёри иқлимӣ нисбатан зиёд дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест. Ҳангоми номусоид будани обу ҳаво бориши зиёди барф, яхбандӣ ва пай дар пай фаромадани тарма барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт мушкилӣ ба миён меорад. Аз ин рӯ ба мақомоти дахлдор оид ба нигоҳдории роҳҳои нақлиётгард тавсия дода мешавад, ки тайёрии пешакиро барои сари вақт бартараф намудани зуҳуроти номатлуби табиӣ  роҳандозӣ намоянд.

Ҳамчунин Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба кишоварзони минтақаҳои водигии ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон тавсия медиҳад, ки дар давраи зимистон барои намнок нигоҳ доштани заминҳои кишоварзӣ, аз ҷумла заминҳои кишти пахта, ғалладонагиҳо ва боғҳои дарахтони мевадиҳанда усули яхобмониро бештар ба роҳ монанд. Зеро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани корҳои агрокимиёвӣ  барои нигоҳдории заминҳои кишти зироати кишоварзӣ ва парвариши меваю сабзавот дар ин давра манфиати калон дорад.

Ёдовар мешавем, ки дар давраи номусоидшавии вазъи обу ҳаво фишори атмосферӣ зуд-зуд тағйир ёфта, он ба беморони  гирифтори фишорбаландӣ, дил, диабети қанд ва диққи нафас таъсир мерасонад. Инчунин  бо тағйирёбии ҳарорати ҳаво ҳолатҳои зиёд гардидани бемории зуком дар байни кӯдакон аз эҳтимол дур нест.

Февраль 12, 2020 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»