Муъминобод: «Ҳама ба интихобот! Барои шукуфоии Тоҷикистон овоз медиҳем!»
![](https://khovar.tj/wp-content/uploads/2020/02/Muminobod.jpg)
МУЪМИНОБОД, 28.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Анҷумани 13-уми ҲХДТ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки «Интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳими давлат мебошад». Аз ин рӯ ҳар яки моро зарур аст, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона ширкат варзида, ба номзади арзандаи худ овоз диҳем.Овози ҳар яки мо метавонад ҳалкунанда бошад. Дар баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ бетарафӣ зоҳир кардан маънои бетафовут будан ба фардои дурахшони сарзамин ва фарзандонро дорад. Шиори мо дар ин рӯз бояд чунин бошад: «Ҳама ба интихобот! Барои шукуфоии Тоҷикистон овоз медиҳем!».
Бо чунин матлаб вохӯрии масъулин бо сокинони Ҷамоати деҳоти Боғгаии ноҳияи Муъминобод дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и деҳаи мазкур, ки вобаста ба баргузории интихоботи дарпешистода барпо шуд, оғоз гардид.
Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар вохӯрӣ масъулин доир ба маъракаи муҳими сиёсӣ- интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ андешаронӣ карда, иброз доштанд, ки баҳри ояндаи босуботи мамлакат боз ҳам саъю талош варзем.
«Дар амалӣ намудани ҳадафҳои созанда саҳми арзандаи худро гузорем. Шурӯъ аз шаҳрвандони 18-сола ҳама дар интихобот — рӯзи барои ҷумҳурӣ сарнавиштсоз бояд фаъол бошем», -гуфтанд онҳо.
Сипас иштирокдорони вохӯрӣ аз масъулин доир ба ҷараёни баргузории интихобот ва тартиби овоздиҳӣ пурсон шуда, барои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.