Насим Олимзода: 58 нафар шаҳрванди Тоҷикистон аз шаҳри Вуҳани Чин оварда мешаванд
ДУШАНБЕ, 06.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи аз шаҳри Вуҳани Ҷумҳурии Мардумии Чин баровардани 58 нафар шаҳрванди Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дошта, имрӯз то пагоҳ онҳо ба Тоҷикистон оварда мешаванд. Ин масъала зери назорати бевоситаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода ба хабарнигорон иброз дошт.
Ба зикри номбурда, ҳоло барои пешгирӣ аз коронавирус ситоди доимии ҷумҳуриявӣ амал мекунад. То субҳи имрӯз 645 нафар шахсони аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон баргашта ба ҳолати карантинӣ фаро гирифта шудаанд.
«Миёни ин шахсон 47 нафар шаҳрванди Чин буда, то ҳол ягон ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ корҳои пешгирӣ ва чораҳои омодабоширо ҳаматарафа амалӣ намуда истодааст. Ҳоло дар 27 гузаргоҳи наздисарҳадии калону хурд масъулон бо ҷалби мутахассисони тиббию санитарӣ ва эпидемиологҳо фаъолияти шабонарӯзӣ мебаранд. Ҳамзамон дар фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд, ки равуои шаҳрвандон асосан тариқи онҳо сурат мегирад, таҷҳизоти ташхисии зарурӣ, ба монанди тепловизорҳо ва термосканерҳо насб карда шудаанд ки ҳар як шаҳрванди аз хориҷи давлат ба Тоҷикистон воридгардида тавассути онҳо санҷида мешавад»,-гуфт Насим Олимзода.
Бино ба иттилои роҳбари намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Галина Перфилева, дар ҷаҳон шумораи гирифторшудагон ба коронавирус беш аз 28 ҳазор нафар буда, шумораи фавтидагон 565 нафарро ташкил медиҳад.








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






