Насим Олимзода: 58 нафар шаҳрванди Тоҷикистон аз шаҳри Вуҳани Чин оварда мешаванд

Февраль 6, 2020 13:40

 ДУШАНБЕ, 06.02.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Масъалаи аз шаҳри Вуҳани Ҷумҳурии Мардумии Чин баровардани 58 нафар шаҳрванди Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дошта, имрӯз то пагоҳ онҳо ба Тоҷикистон оварда мешаванд. Ин масъала зери назорати бевоситаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.  Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода ба хабарнигорон иброз дошт.

Ба зикри номбурда, ҳоло  барои пешгирӣ аз коронавирус  ситоди доимии ҷумҳуриявӣ амал мекунад. То субҳи  имрӯз 645 нафар шахсони аз  Ҷумҳурии Мардумии  Чин ба Тоҷикистон баргашта ба ҳолати карантинӣ фаро гирифта шудаанд.

«Миёни ин шахсон 47 нафар шаҳрванди Чин буда, то ҳол  ягон ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ корҳои пешгирӣ ва чораҳои омодабоширо ҳаматарафа амалӣ намуда истодааст. Ҳоло дар 27 гузаргоҳи наздисарҳадии калону хурд масъулон бо ҷалби мутахассисони тиббию санитарӣ ва эпидемиологҳо фаъолияти шабонарӯзӣ мебаранд. Ҳамзамон дар фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд, ки равуои шаҳрвандон асосан тариқи онҳо сурат мегирад, таҷҳизоти ташхисии зарурӣ, ба монанди тепловизорҳо ва термосканерҳо насб карда шудаанд ки ҳар як шаҳрванди аз хориҷи давлат ба Тоҷикистон воридгардида тавассути онҳо санҷида мешавад»,-гуфт Насим Олимзода.

Бино ба иттилои роҳбари намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Галина Перфилева, дар ҷаҳон  шумораи гирифторшудагон ба коронавирус беш аз 28 ҳазор нафар буда, шумораи фавтидагон 565 нафарро ташкил медиҳад.

Февраль 6, 2020 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»