Ҷоми ФФТ: бозиҳои даври аввал дар шаҳри Душанбе ба анҷом расиданд

Февраль 4, 2020 15:55

ДУШАНБЕ, 04.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври аввали марҳилаи пешакии Ҷоми  Федератсияи футболи Тоҷикистон-2020, ки дар шаҳри Душанбе   баргузор гардида буданд, ба анҷом расиданд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи  футболи Тоҷикистон иттилоъ  медиҳад.  

Тибқи иттилои манбаъ, Ҷоми  Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ду марҳила – пешакӣ ва ниҳоӣ – сурат мегирад. Дар марҳилаи пешакӣ мусобиқот дар се минтақа – Душанбе, Суғд ва Хатлон – доир мегарданд.

Дар марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе, ки 31  январ оғоз ёфт, ҳашт даста бар асоси қуръакашӣ ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои  футболи  «Истиқлол»-и  Душанбе, «Кӯктош»-и  Рӯдакӣ, «Локомотив-Помир»-и Душанбе ва «Шоҳмансур»-и  Душанбе дохиланд. Бозиҳои ин гурӯҳ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе  идома доранд.

Ба гурӯҳи «Б»  дастаҳои футболи  ССКА «Помир»-и  Душанбе, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, «Ваҳдат»-и Ваҳдат ва «Душанбе-83»-и Душанбе  шомиланд. Бозиҳои ин гурӯҳ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир шудаанд.

Дар даври аввал дар гурӯҳи «А» дастаҳои  «Локомотив-Помир» бар «Кӯктош» бо ҳисоби 2:1, «Истиқлол» бар «Шоҳмансур» бо ҳисоби 13:0 ғолиб омаданд. Дар гурӯҳи «Б» ССКА «Помир» бар «Душанбе-83» бо ҳисоби 3:0, «Регар-ТадАЗ» бар «Ваҳдат» бо ҳисоби 6:0 пирӯз шуданд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии бозиҳои даври аввал дар гурӯҳи «А» дастаҳои футболи  «Истиқлол» ва «Локомотив-Помир» ва дар гурӯҳи «Б» дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва ССКА «Помир» бо сеимтиёзӣ пешсафанд.

Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври дуюми Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе 5-6  феврал баргузор мешаванд. Бояд зикр кард, ки  мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як давр сурат мегирад. Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ аз минтақаи Душанбе чор даста (дудастаӣ аз ҳар гурӯҳ) роҳ пайдо мекунанд.

Бояд гуфт, ки Ҷоми ФФТ аз соли 2012 гузаронида мешавад. Барандаи феълии Ҷоми ФФТ дастаи футболи  «Истиқлол»-и Душанбе мебошад, ки соли гузашта дар бозии ниҳоӣ бар дастаи «Кӯктош»-и Рӯдакӣ бо ҳисоби 5:2 ғолиб шуда буд.

Ҷоми ФФТ-2020

Марҳилаи пешакӣ. Минтақаи Душанбе

Гурӯҳи «А». Даври 1-ум

«Кӯктош» – «Локомотив-Помир» – 1:2

Голҳо: Шоҳрух Сангов, 7 – ба дарвозаи худ (1:0). Ислом Зоиров, 14 (1:1). Муҳаммад Гулназарзода, 63 (1:2).

31 январ. Душанбе. Варзишгоҳи марказӣ. 200 тамошобин.

«Истиқлол» – «Шоҳмансур» – 13:0

Голҳо: Салам Ашӯрмамадов, 3 (1:0). Саидмухтор Азимов, 18 (2:0). Саидмухтор Азимов, 27 – аз пеналтӣ (3:0). Зоир Ҷӯрабоев, 32 (4:0). Ҷамшед Раҳмонов, 45+1 (5:0). Зиёвуддин Фузайлов, 48 (6:0). Салам Ашӯрмамадов, 54 (7:0). Рустам Соиров, 62 (8:0). Эҳсони Панҷшанбе, 73 (9:0). Хуршед-Темур Ҷӯраев, 75 (10:0). Рустам Соиров, 77 (11:0). Хуршед-Темур Ҷӯраев, 85 (12:0). Виктор Свежов, 87 (13:0).

1 феврал. Душанбе. Варзишгоҳи марказӣ. 200 тамошобин.

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т И
1 «Истиқлол» 1 1 0 0 13-0 3
2 «Локомотив-Помир» 1 1 0 0 2-1 3
3 «Кӯктош» 1 0 0 1 1-2 0
4 «Шоҳмансур» 1 0 0 1 0-13 0

Гурӯҳи «Б». Даври 1-ум

ССКА «Помир» – «Душанбе-83» – 3:0

Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 49 (1:0). Шодибек Ғаффоров, 74 (2:0). Комрони Мирзохон, 84 (3:0).

1 феврал. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 100 тамошобин.

«Регар-ТадАЗ» – «Ваҳдат» – 6:0

Голҳо: Нозим Бобоҷонов, 11 – аз пеналтӣ (1:0). Сардор Эминов, 18 (2:0). Диловаршоҳ Ғаниев, 28 (3:0). Алишер Холмуродов, 34 (4:0). Диловаршоҳ Ғаниев, 43 (5:0). Нозим Бобоҷонов, 80 (6:0).

1 феврал. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 100 тамошобин.

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т И
1 «Регар-ТадАЗ» 1 1 0 0 6-0 3
2 ССКА «Помир» 1 1 0 0 3-0 3
3 «Душанбе-83» 1 0 0 1 0-3 0
4 «Ваҳдат» 1 0 0 1 0-6 0

Даври 2-юм

5 феврал (чоршанбе)

11:00 – «Кӯктош» – «Шоҳмансур». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

14:00 – «Истиқлол» – «Локомотив-Помир». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

6 феврал (панҷшанбе)

11:00 – ССКА «Помир» – «Ваҳдат». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

14:00 – «Регар-ТадАЗ» – «Душанбе-83». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Даври 3-юм

8 феврал (шанбе)

11:00 – «Локомотив-Помир» – «Шоҳмансур». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

14:00 – «Истиқлол» – «Кӯктош». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

9 феврал (якшанбе)

11:00 – ССКА «Помир» – «Регар-ТадАЗ». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

14:00 – «Ваҳдат» – «Душанбе-83». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ.

Февраль 4, 2020 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавони тоҷик Кароматулло Ҳакимов дар нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба Гӯштингирӣ медали тилло ба даст овард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаҳои Испания ва Нидерландия бозии дӯстона доир мекунад
Варзишгари тоҷик Ҳақназар Назаров дар нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба Гӯштингирӣ медали тилло ба даст овард
ФУТБОЛ. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар мусобиқаи Ҷоми Мердека-2024 муайян гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Барои дар сатҳи баланд доир кардани мусобиқаҳои милливу ҷаҳонӣ оид ба гӯштингирӣ талош хоҳем кард»
Пешвои миллат: «Баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ Душанберо чун шаҳри сулҳу дӯстӣ муаррифӣ менамояд»
Варзишгари тоҷик Шакармамад Мирмамадов дар нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ медали тилло ба даст овард
Шоҳида Қаландарова барандаи медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ шуд
Варзишгари тоҷик Масъуди Аҳмадзод медали тиллои нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингириро ба даст овард
Президенти Тоҷикистон: «Гӯштингирӣ намуди суннатии варзиши мардуми тоҷик буда, таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад»
Паҳлавони тоҷик Муллораҷаб Халифаев соҳиби медали тиллои Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ гардид
4 варзишгари тоҷик барои медали тиллои нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ дар Душанбе рақобат мекунанд