Ҷоми ФФТ насиби кӣ мегардад? Барои ба даст оваридани он 8 даста талош мекунанд

Февраль 19, 2020 09:40

ДУШАНБЕ, 19.02.2020. /АМИТ «Ховар»/.  21 феврал марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон оғоз мегардад. Барои ба даст овардани ҷом ҳашт даста талош мекунанд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи  футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, дар марҳилаи ниҳоӣ дастаҳои футболи КМВА ВМ ҶТ, «Локомотив-Помир»-и Душанбе, «Истаравшан»-и Истаравшан ва «Равшан»-и Кӯлоб ба гурӯҳи «А» ва дастаҳои   «Кӯктош»-и Рӯдакӣ, «Душанбе-83»-и Душанбе, «Эсхата»-и Хуҷанд  ва «Хатлон»-и Бохтар ба гурӯҳи «Б» ворид гардиданд. Бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе ва Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешаванд.

Бинобар сабаби гузаронидани ҷамъомади машқӣ-таълимӣ дар Туркия дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе наметавонад дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ иштирок кунад. Ба ҷои он дастаи  «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар даври муқаддамотӣ дар гурӯҳи «А»-и минтақаи Душанбе ҷои сеюмро ишғол карда буд, мусобиқаро идома медиҳад.
Ҷоми ФФТ-2020

Марҳилаи ниҳоӣ

Гурӯҳи «А»: КМВА ВМ ҶТ, «Локомотив-Помир», «Истаравшан», «Равшан».
Гурӯҳи «Б»: «Кӯктош», «Душанбе-83», «Эсхата», «Хатлон».

Тақвими бозиҳо
Даври 1

 21 феврал (ҷумъа)

11:00 – «Истаравшан» – КМВА. Душанбе, Варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ
11:00 – «Душанбе-83» – «Эсхата». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
15:00 – «Равшан» – «Локомотив-Помир». Душанбе, Варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ
15:00 – «Хатлон» – «Кӯктош». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Даври 2

23 феврал (якшанбе)

11:00 – «Душанбе-83» – «Кӯктош». Душанбе, Варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ
15:00 – «Хатлон» – «Эсхата». Душанбе, Варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ

24 феврал (душанбе)

11:00 – «Истаравшан» – «Локомотив-Помир». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
15:00 – «Равшан» – КМВА. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Даври 3
25 феврал (сешанбе)

11:00 – «Душанбе-83» – «Хатлон». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
15:00 – «Куктош» – «Эсхата». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

26 феврал (чоршанбе)

10:00 – «Истаравшан» – «Равшан». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
13:00 – «Локомотив-Помир» – КМВА. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Нимфинал
28 феврал (ҷумъа)

11:00 – 1»А» – 2»Б»
15:00 – 1»Б» – 2»А»

1 март (якшанбе)

11:00 – Бозӣ барои ҷои сеюм

15:00 – Финал

 

Февраль 19, 2020 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд